arzon november
Россия: Ҷавонмарди тоҷикро барои бадрашкӣ 5 сол ҳабс мекунанд?
2445


Рашкро намаки зиндагӣ мегӯянд, вале агар ин намак бисёртар бошад, натанҳо зиндагии оилавии зану шавҳарро шӯр месозад, балки ба сари худи одами бадрашк низ мусибату мушкилоти зиёд оварда метавонад. Тақдири як ҷавонмарди тоҷик, ки аз рӯйи рашк кораш ба милитсия ва пркурору суд афтода, ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум гаштанаш имкон дорад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Додгоҳи Нижневартовск парвандаи як ҷавонмарди 29-солаи тоҷикро, ки дар авбошӣ бо истифодаи зӯрӣ айбдор мешавад, баррасӣ мекунад. Тақрибан як моҳ пеш дар шабакаҳои иқтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ навори видеоие паҳн гашта буд, ки дар он як марди тоҷик духтури русро лату кӯб мекард.
Дар шарҳи ин навор омада буд, ки мард барои ба ҳамсари ӯ гап паррондан духтурро “ҷазо” дода, лату кӯб кардааст, вале баъдан маълум гашт, ки зан мисли дигар корафтодагон ба қабули табиб омада, муомилаи духтур бо ин зан ба таври оддӣ сурат гирифтааст, аммо шавҳари бадрашкаш “Вижу вы любите взглянут на чужие животики” гӯён,табиби русро зери мушту лагад гирифтааст.
Мақомоти тафтишотии шаҳри Нижневартовск дар бадали як моҳ санҷиши ҳодисаро ба пуррагӣ ба анҷом расонида, парвандаро барои баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба додгоҳ фиристоданд.
Муттаҳами 29-сола дар рафти тафтишот ҳақ надорад манзили зисти худро тарк кунад, наметавонад бидуни иҷозаи муфаттиш бо шоҳидон суҳбат намояд ва аз воситаҳои алоқа, аз ҷумла интернет истифода барад.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ба муттаҳам ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ё то 5 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Ин марди 29-сола зодаи Тоҷикистон буда, 8 сол қабл шаҳрвандии Русияро қабул кардааст.
Аз духтури ҷабрдида табиби дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Духтур дар сӯҳбат бо хабарнигорон ҳодисаро шарҳ дода, гуфтааст, як зани 30-солаи ҳиҷобпӯш ба наздаш омад, ки ниёз ба муоина дошт. Нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд, аммо баъдан худи зан аз фикраш гашта, розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидааст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками зани ӯро дидааст, пизишкро зери мушту лагад мегирад. Жерноклеев изҳор доштааст, ки ӯ дар таҷрибаи кориаш беморони зиёди мусалмонро муоина карда буд, вале чунин қазия ба сараш бори аввал омад.
Ин ҳодиса баъди расонаӣ шудан вокунишҳои зиёдро ба бор овард ва роҳбарияти Кумитаи тафтишотии Русия ваъда доданд, ки таҳқиқи қазияро зери назорат мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД