Маҳсулоти лозима:
700 грамм гӯшти лаҳми мурғ, 3-4 дона сирпиёз, 1 бандча ҷаъфарӣ, 1 бандча шибит, 1,5 қошуқ желатин, 1 қошуқча намак ва мурчи сиёҳ мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро ба пораҳои хурд реза кунед. Ҷаъфарӣ ва шибитро майда карда, сирпиёзро кӯбед. Ҳамаи маҳсулотро бо намак, мурчи сиёҳ ва желатин омехта намоед. Желатинро пешакӣ тар кардан лозим нест. Омехтаро 25 дақиқа нигоҳ доред, то желатин варам кунад. Сипас онро рӯи фолга ё дар халтаи махсуси нонпазӣ ба шакли рулет печонида, нӯгҳояшро маҳкам кунед. Дар ҳарорати 180 дараҷа 40–45 дақиқа пазед. Пас аз омода шудан, рулетро дар дохили танӯр гузоред, то тадриҷан хунук шавад.