arzon replenishment
Русия барои пурзӯр кардани назорат аз болои муҳоҷирон қонуни нав қабул мекунад?
609

 

Пас аз ҳодисаи хунини дар Крокус-Сити Холл рӯйдода ҳукумати Россия барои пурзӯр намудани назорат аз болои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамарӯза чораҳои нав ба нав меандешад.

Қаблан пешниҳод шуда буд, ки байни Федератсияи Россия ва кишварҳои Осиёи Миёна раводид ҷорӣ шуда, минбаъд барои ёфтани кор дар ин кишвар муҳоҷирони меҳнатӣ виза бигиранд.

Вазорати корҳои дохилии Россия имрӯз бо мақсади пурзӯр кардани назорат аз болои муҳоҷирон лоиҳаи боз як қонуни навро пешниҳод намудааст.

Ба иттилои РИА “Новости”, Вазорати корҳои дохилии Россия корро дар болои лоиҳаи қонуни нави Федератсияи Россия оид ба пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ба итмом расонида, онро ба Думаи давлатии Россия пешниҳод кардааст.

"Қонуни нав барои ворид кардани маълумотҳои биометрии шаҳрвандони хориҷӣ ба системаи ягона ҳангоми вурудашон ба қаламрави Россия, дар як сол то 90 рӯзи тақвимӣ кам кардани муҳлати будубоши онҳо, зери назорати қатъӣ гирифтани ҳаракати муҳоҷирон дар қаламрави кишвар ва ҷорӣ намудани профилҳои электронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ замина фароҳам меорад”,- гуфтааст Ирина Волк, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Россия дар шарҳи лоиҳаи қонуни наве, ки ВКД-и Россия пешниҳод кардааст.

Волк таъкид кардааст, ки мақсад аз пешниҳод намудани ин лоиҳа пурзӯр гардонидани назорат аз болои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки минбаъд натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки ҳамзамон корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, аз ҷониби ҳукумати Россия ва мақомоти қудратӣ зери назорати сахт гирифта мешаванд.

Ба тамоми мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои шахсӣ супориши қатъӣ дода шудааст, ки минбаъд ба вайронкунандагони қонунҳои муҳоҷиратии Россия ягон хел хизмат расонида нашавад.

Ҳуҷҷати пешниҳодшуда “Қонун дар бораи шартҳои вуруд ба Федератсияи Русия ва баромадан аз Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ва шароити будубошу истиқомати онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия” ном дошта, рӯзи 27-уми март ба Думаи давлатии Россия пешниҳод шудааст. Интизор меравад, ки Дума онро қабул хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД