arzon replenishment
Русия савдои кӯчагиро ба муҳоҷирон манъ мекунад
845

Русия кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро дар соҳаи савдо манъ мекунад. Шуруъ аз 1-уми январи соли 2025 муҳоҷрони меҳнатӣ дигар наметавонанд дар ин кишвар бо майдафурӯшӣ машғул шаванд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Аз ҷумла дар вилояти Маскав муҳоҷирон пас аз 1-уми январи соли 2025 дигар наметавонанд ба фурӯши машруботи спиртӣ, тамоку ва савдои кӯчагӣ машғул шаванд. Дар соҳаи хӯроки умумӣ кор кардан низ ба шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шуда, муҳоҷирони меҳнатӣ баъди соли нав дигар наметавонанд бо шаурмаю пирожкифурӯшӣ пул кор кунанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии губернатори вилояти Москва хабар додааст.

Таъкид шудааст, ки фаъолият намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар бахши хизматрасониҳои иҷтимоӣ низ манъ карда шуда, минбаъд муҳоҷирон дар соҳаи спорт, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ низ кор карда наметавонанд.

Ин иқдоми худро ҳукуматдорони маҳаллӣ ба зиёд шудани арзу шикоятҳо нисбати муҳоҷирони меҳнатие, ки бо савдои кӯчагӣ машғуланд, рабт медиҳанд.

Таъкид шудааст, ки дар сурати дар амал татбиқ намудани ин иқдом беш аз 5,6 ҳазор муҳоҷирони меҳнатие, ки дар соҳаҳои номбурда кор мекарданд, аз кор озод карда мешаванд ва барои мардуми маҳаллӣ садҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад.

Муҳоҷироне, ки бидуни патент кор мекунанд ё қайди муҳоҷиратӣ надоранд, 45-50 ҳазор рубл ҷарима шуда, корхонае, ки муҳоҷиронро ба кор қабул кардааст, то 1 миллион рубл ҷарима баста мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД