sebiston july new
РӮЗИ СИЁҲИ МАРДИ АЛКАШ
4420

 Бегоҳирӯзӣ ба хона мерафтам. Назди дӯкони винофурӯшӣ марди тахминан 40-45 солае бо чашмони сурху қавоқҳои варамида. ришу мӯйлаби расида, либосхои чиркину пойафзоли дарида, пеши роҳамро гирифт.

-Бародар, илтимос як дона сигор дех!

Баъди ду-се бор болои ҳам дуди сигорро ба дарун фурӯ бурдан, ба ман, ки нав аз ӯдур шуданӣ будам, боз:

-Илтимос, дусад сумак ёрдам кун, -гуфта чун гадое дасташро дароз кард.

-Шарм намекунед, гадой мекунед, - ба зарда ҷавоб додам ман.

-Илоҷ надорам, зиндагӣ ба дилам задааст, илтиҷоомезона нигоҳ мекард ӯ…

Баъди нӯшидани вино каме гирист ва назди ман нишаста дилашро холӣ кард.

Бо айбу ношукрии худам ба ин ҳол афтодам-огоз намуд ӯ. Ҷавон будаму пасту баландии рӯзгорро ҳанӯз надида, сармасти хушиҳои рӯзгор ва шӯру шари ботин.

Солҳои донишҷӯӣ бо қадбаландию зӯри бозубайни ҳамкурсон эътибор доштам. Дар Донишгоҳи политехникӣ мехондаму аз чизе камӣ надоштам. Ҳанӯз оила барпо накарда будаму ин бепарвой модари пиру дардмандамро ба ташвиш меовард, ки ҳар лаҳза ба зангирӣ ташвиқ мекард. Арӯсро ҳам таги чашм карда будааст. Духтар низ ба ман дил дода будаасту акнун хар рӯз номаҳои ошиқона менавишт. Дар набудани ман омада ба модарам дар корҳои рӯзгор мадад мекард.

Бо ҳамин роҳ ба дилу дидаи модарам ҷо шуда буд. Нахустин бор ман ӯро вақте дидам, ки дар хонаи мо хамир мешӯрид. Баъди таътили тобистона ман аз шаҳр ба хабаргирии модарам рафта будам. Ҳеҷ бовар надошта будам, ки ӯро дар хона вомехӯрам. У ҳам ҳеҷ бовар надошт, ки мо ба ин зудӣ вомехӯрем. Ин вохӯрии ногаҳонии мо хеле диққатҷалбкунанда ва ғайриоддӣ буд. Бечора аз шарм намедонист чӣ кор кунад. Зери обу арақ монда буду на баромаданашро медонист, на истоданашро. Ман ҳамчун ҳайкале рост меистодам. Дар ҳақиқат духтари зебое буд. Модарам моро аз ин холат берун овард:

Ҳа, чӣ шах шуда мондӣ,-бо табассуми маънидоре ба чои салом ба ман чашмакӣ зад. Ман шарм карда, ба рӯи ҳавлӣ баромадам. У ба назарам як таҷассуми зебоӣ ва парии афсонавӣ намуд. Баъди хатми донишкада мо хонадор шудем. Ҳанифа бисёр духтари шармгину содда ва бамаънӣ буд. Қариб, ки бо ман харф намезад. Пас аз ду сол бо ёриву мадади падару хешовандон дар маркази шаҳр хона харидам. Тавлиди писараки дӯстрӯяк ба зиндагии мо нуру таровати наве бахшид.

Хурсанду беғам будем, аз чизе камӣ надоштем. Ман дар автобазаи шаҳр кор мекардам. Ҳар бегоҳ маро бо чеҳраи кушод ва табассуми ба худаш хос пешвоз мегирифт. Зиндагӣ бо маром пеш мерафту аз шахду лаззати он бахравар будем. Офтоби бахту икбол болои сари мо партавафшонӣ мекард.

Дар ҷои кор ҳама аз ман розӣ буданду дар хона ҳам. Вале магар ногаҳ ба зиндагии осудаи мо чашми бад расид, ки…

Як рӯз барои иҷрои коре ба шӯъбаи кадрҳо рафтаму чашмам ба духтаре афтод, ки сараш хам, машғули навиштан буд. Маро дидан замон аз ҷой хеста, салом дод. Ҳатто аҳволу саломатии ҳамсарам ва писарчаамро ҳам пурсид. Ман ба ӯ бо ҳайрат нигаристам.

-Оилаи маро аз куҷо медонед?

-Даркор бошад, донистан мушкил не!- бо ишваи ширин ҷавоб дод ӯ.

-Мо чӣ даркор будаем?-шӯхиомез боз савол додам.

-Даркор намебудед, намедонистем- ҳозирҷавобӣ кард ӯ.

Ман ҳис кардам, ки аз чор тараф коргарон ба мо кунҷковона назар мекунанд. Аз ӯ дур шудаму росташ, ки ӯро зуд фаромӯш кардам. Иди 8-Март наздик меомад. Як бор ӯ бо коре ба утоқи кории ман омада, гӯё дар омади гап: -8- март наздик меояд, маро накунед, гуфт, барои ӯ се дона гули мехак ва як соат тӯҳфа бурдам. Аз ин тӯҳфаҳо сараш ба осмон расиду гуфт:

-Оилаи маро аз куҷо медонед?

-Даркор бошад, донистан мушкил не!- бо ишваи ширин ҷавоб дод ӯ.

-Мо чӣ даркор будаем?-шӯхиомез боз савол додам.

-Даркор намебудед, намедонистем- ҳозирҷавобӣ кард ӯ.

Ман ҳис кардам, ки аз чор тараф коргарон ба мо кунҷковона назар мекунанд. Аз ӯ дур шудаму росташ, ки ӯро зуд фаромӯш кардам. Иди 8-Март наздик меомад.

Як бор ӯ бо коре ба утоқи кории ман омада, гӯё дар омади гап: -8- март наздик меояд, маро фаромӯш накунед, - гуфт.

Рӯзи ид барои ӯ се дона гули мехак ва як соат тӯҳфа бурдам.

Аз ин тӯҳфаҳо сараш ба осмон расиду гуфт:

-Бегоҳӣ, маро интизор шавед. Ҳамон бегоҳ вохӯрии аввалини мо барпо шуд. Аз ин пас ҳар бегоҳ ман ӯро то истгоҳ гусел мекардаму кам-кам меҳраш ба дилам ҷойгир шудан гирифт. Якрӯз ҳамсарам гуфт, ки падараш бемор шудаасту ӯба аёдат меравад. Сахар занамро гусел кардам.

Ҳамон бегоҳ Фотимаро ба хонаи худ даъват кардам. Барояш дастархони идона оростам. Баъди нӯшидани чанд қадаҳҳар ду масту махмур шудем. Садои мусиқию соз дар хона танинандоз буд. Ман Фотимаро барақс кашидам. Баъди рақс бозаз арақу газак нӯши ҷон кардем. Рӯз қариб шом шуда буд. Аз Фотима хоҳиш кардам, ки шабро дар ҳамин ҷо гузаронад. У рад накард. Ман аз дасти Фотима дошта, ӯро ба хонаи хоб кашидам…

Нохост дар кушода шуду завҷаам даромад ва дутани урёнро болои ҷои хоби худ дида, факат ҷониби ман "номард гуфт ва дарро сахт пӯшиду баромада рафт. "Беморхабаргирӣ меравам"- гуфта маро санҷиданӣ будааст. Ман якбора гӯё барқ зада бошад, ҳушёр шудам.

Аз паси завҷаам баромада, номашро гирифта фарёд кардам лек ӯ кайҳо аз назар пинҳон шуда буд. Аз ҳамон рӯз оғоз шуд тирагӣ ва бадбахтиву рӯзи сиёҳи ман. Чандин борҳо ба хонаи падарарӯсам рафта таваллою зорӣ мекардам, хокро ба сар мекардам, бо гиря ба хона баргаштанашро талаб мекардам, вале ӯнаомад.

-Ман ин номардии туро намебахшам ва ту дигар барои ман вуҷуднадорӣ. Ҳаволаат ба худо- гуфт. Ин хиёнате, ки ман кардам барои ӯ нобахшиданӣ буд.

Пас аз вайроншавии оилаам зиндагиам торафт рӯ ба харобӣ меовард, бо рафтани ҳамсарам файзу футӯх, осоишу оромӣ аз ин хона рафта буд, дигар фақат қасди худро аз май мегирифтам. Маъшуқаам ҳам аз ман рӯй гардонд. Аз кор пеш карданд. Тамоми ҷиҳози хонаро фурӯхта, сарфи машрубот кардам. Машрубот ҳам оила, ҳам фарзанд, ҳам ёри ғамгусори ман шуда буд.

Хешу табор чанд бор хостанд ман аз нав оиладор шавам, аммо розӣ нашу-

дам… Ана ҳамин аст аҳволу рӯзгори баргаштаи ман, ки аз паи ҳавои нафс рафта, ба ин рӯз гирифтор шудам. Ба ҳамааш худам гунаҳкор, бо дуои занам маро худо зад.

У бо қомати хамида калавида-калавида аз ман дур шуду ман аз пасаш бо таассуф нигарон мондам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД