sebiston july new
Рӯзи сиёҳи зану шавҳари бесавод
1899
Рӯзи сиёҳи зану шавҳари бесавод


Сангинмоҳ Ашӯрова модари 2 фарзанд буда, на худаш ва на шавҳраш Аҳад савод надоранд. Ин зану шавҳари берӯзӣ аз як деҳаи дурдасти кӯҳӣ буда, бо сабаби ятимӣ ва камбағалӣ ҳатто маълумоти миёна гирифта натавонистаанд.

Аҳад баъди марги модараш дар тарбияи бобои пираш монда, ҳамагӣ то синфи 4 хондааст, Сангинмоҳро бошад, баъди синфи 3 падару модараш аз сабаби набудани имконияти иқтисодӣ дигар ба мактаб рафтан намондаанд. Хату савод маълумоту касбу ҳунар надоштанашон боиси дар зиндагӣ роҳгум задани ин зану шавҳари ҷавон гашта, ба гирдоби мушкилиҳо гирифторашон кардааст.

Онҳо хона надоранд ва муддати 8 сол мешавад, ки дар ба дари мардум сарсону саргардон мегарданд. Сангинмоҳ мегӯяд, 2 фарзандаш дар иҷорахонаҳо бар асари набудани барқу гармӣ ва шароити дурусти зиндагӣ аз хунукӣ бемор шуда, яке дар синни 5-солагӣ ва дигарӣ дар синни 3 солагӣ аз дунё гузаштанд. Зану шавҳар аз он метарсанд, ки ду фарзанди дигарашонро низ аз даст надиҳанд.
Шавҳари Сангинмоҳ бар замми савод ва касбу ҳунар надоштанаш бемор буда, солиёни зиёдест, ки аз дарди шадиди сар азият мекашад, вале ба қавли худаш, то имрӯз касе ба дардаш даво наёфтааст. Аҳад мегӯяд, вақти хурӯҷи бемориаш ончунон сахт азият мекашад, ки мисли мор аз дард ба худ мепечад ва дунё дар назараш тираву тор мегардад.

Аҳад ва ҳамсараш Сангинмоҳ мегӯянд, кӯшиш карданд, ки кор ёбанд, вале бо сабаби беморию бесаводӣ ва надоштани ҳуҷҷат онҳоро дар ягон идора ба кор намегиранд. Зану шавҳар ҳатто қайди ҷойи зист надоранд ва то ҳол ба кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд низ нагирифтаанд.
Азбаски худашон аз бесаводӣ ба гирдоби душвориҳо гирифтор гаштаанд, мехоҳад фарзандонашонро тарбияи нек дода, хононад ва соҳиби касбу ҳунар гардонанд, вале бо сабаби мушкилиҳои иқтисодӣ ҳатто хӯрондану пӯшондани ду кӯдак барошон душворӣ мекунад.

Сангинмоҳ ва ҳамсараш Аҳад бо умед ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намудаанд, ки шояд шахсони саховатманд ба хотири ризои худованд ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин оилаи ниёзманд дасти кӯмак дароз намоянд, метавонанд хайрияи худро ба корти бнкии 5058 2703 6224 7537 (Корти миллӣ аз Душанбе-Сити) гузаронанд ё ба рақамҳои зерин занг зада бо худи Аҳад ва Сангинмоҳ ҳамсуҳбат шаванд: 918-40-92-88

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД