Arzon march 2024
Сабабҳои пайдоиш ва намудҳои сабӯсаки сар
05.02.2023
ОИЛА
1102


Сабӯсаки сар –бемории паҳнгаштаи мӯй аст. Қариб ними аҳолии дунё замоне аз сабӯсак азият кашидаанд. Баъзе одамон ба сабӯсаки сар аҳамият намедиҳанд, ҳол он ки агар сабӯсаки сарро табобат накунӣ, мӯйҳо мерезанд. Аз ҳамин хотир бо пайдо шудани сабӯсак дарҳол роҳи аз он халосшавиро бояд ҷуст.

                  Сабӯсаки сар чист?
Агар пӯсти сар солим бошад, эпидермиси он аз 25-35 қабати ҳуҷайра иборат аст. Баъдан ҳар як ҳуҷайра аз чуқурии пӯст ба қисмати болои он мебарояду хушк мешавад. Маҳз ҳамин ҳуҷайраҳои хушкшударо мо сабӯсаки сар меномем.

                    Сабаби пайдоиш
Сабабҳои пайдоиши сабӯсаки сар гуногунанд, аз ҷумла ба тарзи кимиёвӣ оро додани мӯй, халалёбии ҳормонӣ, сари луч зери офтоб ва дар сардӣ гаштугузор намудан, стрессу рӯҳафтодагӣ, ғизои нодуруст. Ҳеҷ гоҳ сабӯсаки сарро бо хушкшавии пӯсти сар як чиз гумон накунед. Сар бо сабаби хушк шуданаш пӯст мепартояд ва дар ин ҳолат ҳуҷайраҳо ниҳоят хушканду аз сабӯсаки муқаррарӣ фарқ доранд. Ба ақидаи тибби муосир сабаби пайдоиши сабӯсаки сар миркроорганизми Pityr-osporum Ovale мебошад, ки дар пӯсти сар макон мекунад.

                 Намудҳои сабӯсак
Мутахассисон сабӯсакро ба ду намуд ҷудо мекунанд –хушк ва равғанин. Сабӯсаки сар вақте равғанин мешавад, ки бо миқдори зиёди равғани пӯст омехта мегардад. Сабӯсаки равғанин асосан дар нафарони мӯю пӯсташон равғанин пайдо мешавад. Дар чунин ҳолатҳо баъди шустушӯй мӯйҳо зуд равғанин мешаванду пӯсти сар ба хоридан медарояд.
Баъдан пӯсти сар шамол хӯрда, халтачаҳои мӯй нобуд шуда, мӯй ба рехтан медарояд. Вақте пӯсти сар хушк аст, мӯйҳо заифу беҷон гашта нобуд мешаванд.

               Табобати сабӯсаки сар
Сабӯсаки сар бо шампуни дилхоҳ шуста мешавад, вале ҳоло мӯйҳо хушк нашуда сабӯсак боз пайдо мешавад. Барои табобати сабӯсаки сар шампуни махсусро бояд дастрас намуд. Аввалан бо шампуни махсус ҳафтае 2-3 бор ва баъдан ҳафтае як бор сарро шустан лозим аст.

                    Воситаҳои халқӣ
Ним соат қабл аз шустани сар ҳардал (горчица)-и хушку оби гармро омехта карда ба мӯятон молед, сабусакро нест мекунад. Ғафсии маҳлул бояд мисоли қаймоқ бошад. Ҳардалро бо обу шампун шӯед. Пӯчоқи шаш дона лимӯро дар як литр об 15 дақиқа ҷӯшонида, бо ин об ҳафтае як бор мӯятонро чойқонед.

Ҳангоми сабӯсаки сар ва рехтани мӯй аз воситаи зерини халқӣ низ истифода баред: 2 қошуқ арақро бо як қошуқ оби пиёз омехта, як соат қабл аз саршӯӣ маҳлулро ба мӯятон моледу баъдан шӯед. Ин амалро муддати 3-5 моҳ идома диҳед.

Якуним литр оби хунук, 1 дона лаблабӯ, 150г нони сиёҳи сабӯсӣ, 2 стакон оби ҷӯшонидаро омода созед. Оби хунукро ба банкаи селитра гирифта ба он лаблабӯи реза андозеду 6 рӯз дар назди тиреза то пӯпанаки сабз пайдо карданаш нигоҳ доред.

Баъдан аз дока полонида, мағзи нонро дар оби ҷӯшомада тар кунед ва ба мӯятон молед. Саратонро аввал бо оби тоза ва баъдан бо оби лаблабӯдор, ки қаблан бо оби ҷӯш омехта гардидааст, обгардон кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД