arzon replenishment
Сабқати ҳунарӣ дар мактаб-интернати мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ
390
no-img


Имрӯз дар мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас баргузор гашт.

Озмун бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор гашта, дар ин сабқати эҷодӣ пианинонавозон дар 3 гурӯҳи синнусолӣ-кӯдакони боистеъдоди аз 8 то 10-сола, аз 11 то 14-сола ва навозандагони ҷавони аз 15 то 17-сола бо ҳам рақобат ва қувваозмоӣ карданд.
Озмуни мазкур ба поси хотири композитори маъруфи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъат, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Талабхӯҷа Сатторов бахшида шуда, дар он 35 нафар навозандагони ҷавон ширкат варзиданд.

Мақсад аз доир намудани озмун-мусоидат намудан ба рушди эҷоду иҷрокунандагии мутрибони наврасу ҷавон, мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани раванди вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ, тарғибу ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии миллӣ ва маҳорату малакаи касбии наврасон ва тавсеаи минбаъдаи фаъолияти композиторон ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ барои сози фортепиано буд.

Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД