goodwell
Сабри зан
594

Фирӯза орзу дошт, ки хилъати сафед ба бар кунаду дарди мардумро даво бахшад. Аммо тақдир дар дасти падар буд. Қиблагоҳаш шарт гузошт: духтарам, хондан хуб, аммо бахти сафед аз он авлотар. Агар ба писари холаат Бахтиёр, ки ҳоло дар мусофират аст, розигӣ диҳӣ, дуоят медиҳам.

​Фирӯза аввал сар ба зону гузошта гирист, аммо вақте акси Бахтиёрро дид, гӯё дар дилаш барқе зад. Чашмони кабуд ва қомати баланди ҷавон дили духтарро рабуд. Бахтиёр бошад, дар шаҳри дур аллакай лона дошт. Ӯ бо Саодат ном зане зиндагӣ мекард, ки соҳиби ду духтарча буданд. Аммо барои хатми занҷири тақдир ва ризоияти волидайн, Бахтиёр ба ватан омад. Тӯй гузашт, аммо дили домод дар Маскав ва ҷисмаш дар канори Фирӯза буд. Баъди даҳ рӯз Бахтиёр кори таъҷилӣ гуфта, зани навхати худро бо чашми гирён гузошта рафт.

Рӯзҳо мисли оби ҷӯйбор мегузаштанд. Фирӯза бо умеди як занги кӯтоҳ шабҳоро бо ситораҳо рӯз мекард. Дар вуҷудаш нишонаи ишқи Бахтиёр - ду тифли дугоник пайдо шуд. Бахтиёр омад, писаронашро Ҳасану Ҳусейн ном ниҳод, аммо боз ҳам дилаш ба Саодат кашол буд.

Рӯзе расид, ки Бахтиёр бо Саодат ва духтаронаш ба ҳавлии падар омад. Осмони Фирӯза гӯё ба замин фурӯ рафт.

- Ин кас кист?,- пурсид Фирӯза бо лабони ларзон.

- Ин кас Саодат, ҳамсари аввалини ман,- гуфт Бахтиёр,- Фирӯзаҷон, тақдир ҳамин будааст, бояд созиш кунед.

​Фирӯза на хӯрок хӯрда метавонисту на хоб рафта. Аммо ба хотири фарзандон ва меҳри беандозааш ба Бахтиёр, дандон ба дандон монда, хомӯширо пеша кард. Саодат бошад, тоқати дидани ин рақобатро накарда, Бахтиёрро маҷбур кард, ки зуд баргарданд.

​Ду сол гузашт. Ногаҳон хабари шум омад: Бахтиёр ба сони як шохаи шикаста дар беморхонаи Маскав мехобид. Садамаи вазнин ӯро аз пой афтонда буд. Саодати шаҳрӣ вақте дид, ки шавҳараш дигар марди барно неву маъюб гаштааст, рӯй гардонд: Ман шавҳари маъюбро нигоҳубин карда наметавонам.

​Фирӯзаи бовафо, ки дар дилаш шуълаи меҳри ҳақиқӣ фурӯзон буд, роҳи дурро пеш гирифт. Ӯ Бахтиёри нимҷонро ба ватан овард. Пойи рости Бахтиёрро бурида буданд. Ҷавони дирӯза мағрур акнун дар аробачаи маъюбӣ нишаста, аз зиндагӣ навмед буд. Ҳатто қасди ҷони худ кард, аммо Фирӯза мисли фариштаи наҷот пеши роҳашро гирифт.

- Чаро маро наҷот додӣ? Ман акнун як нимтанам. Саодат маро партофт, ту чаро маро нигоҳ медорӣ?,- фарёд мезад Бахтиёр.

Фирӯза бо нармӣ гуфт:

- Зеро ман туро барои пулу поят на, барои худат дӯст медорам. Ту падари писарони манӣ.

​Солҳо гузаштанд. Бо заҳмати Фирӯза ва нигоҳубини шабонарӯзии ӯ Бахтиёр ба по истод. Барояш пойи сунъӣ сохтанд. Ӯ ба тиҷорат машғул шуд ва рӯзе дар назди гулҳои ҳавлиашон дасти Фирӯзаро гирифта, бо борони ашк гуфт:

- Фирӯза, ман тоза фаҳмидам, ки ишқи ҳақиқӣ чист. Маро бубахш. Ман туро дӯст медорам.

​Дар чашмони Фирӯза шуълаи хушбахтӣ дурахшид. Ӯ фаҳмид, ки сабр талх аст, вале мевааш аз асал ширинтар.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД