sebiston july new
Сад ранги Чакан дар Ҳисори шодмон
293

 

Дар шаҳри Ҳисор даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гашт. Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосии ин озмун тарғиби ҳунару ҳунармандӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун ва зинда нигоҳ доштани расму оинҳои мардумӣ, ҳамзамон тарғиби либоси миллӣ мебошад.

Гулдухтарони зиёди атласу адрас ва чаканпӯши ҳисорӣ аз муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳри Ҳисор дар озмун ширкат варзида, намунаҳои беҳтарини либосҳои миллиро, ки тарроҳону чеварони маҳаллӣ омода намудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Ҷойи аввалро ҳакамон ба Дилбар Фатоева аз ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ сазовор донистанд. Ҷойи дуюм насиби Фароғат Назарова аз ҷамоати деҳоти Сомон гашт, ҷойи сеюмро Гулнисо Абдуллоева аз Навобод соҳиб шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД