Arzon march 2024
Сафари кӯдакони тоҷик ба Русия манъ карда шуд?
8530


Раванди муҳоҷират торафт бештар авҷ мегирад, агар қаблан танҳо мардон бо мақсади дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводаашон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, солҳои охир зану фарзандони худро низ мебаранд. Ҳамроҳи худ ба Русия бурдани кӯдакон барои волидон пештар мушкилоти ҷиддиро пеш намеовард, вале акнун бо тифлакони хурдсол ба Русия сафар кардан натанҳо кори душвор, балки муввақатан номумкин гаштааст.

кӯдакон дар аэропорт 2
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз маҳдуд шудани сафари кӯдакони то 6-солаи тоҷикистонӣ ба Русия хабар додааст. Маҳдудсозии сафари атфол ба маъракаи иммунизатсия ба муқобили фалаҷ алоқаманд аст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, маҳдудсозии сафари кӯдакони то 6-сола ба Русия аз 2-юми октябр оғоз ёфта, ба мӯҳлати 60 рӯз идома хоҳад ёфт. Дар ин муддат волидон наметавонанд фарзандони хурдсоли худро, ки ҳанӯз ба синни 6-солагӣ нарасидаанд, ҳамроҳашон ба Русия баранд. Фақат дар ҳолатҳои истисноӣ бо дарназардоштӣ то ба имзо расонидани қарори мазкур аз ҷониби волидайни кӯдакони ваксинашудаи то синни 6-сола харидорӣ шудани чиптаҳои ҳавопаймо барои сафар ба Русия аз Тоҷикистон ва ё тавассути дигар давлатҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷатҳои зарурии иммунизатсияи кӯдакони то 6 сола бо дарҷи марҳилаҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад, ки калонсолон кӯдаконро бо худ бибаранд.


Айни замон назорат дар фурудгоҳ ва тамоми нуқтаҳои сарҳадӣ пурзӯр карда шудааст, бинобар ин, аз волидон хоҳиш менамоем, ки аз сафар ба Русия бо кӯдакони то синни 6-сола худдорӣ намоянд. Агар шумо пешакӣ чиптаи ҳавопаймо харида бошед, бо худ гирифтани ҳуҷҷатҳои иммунизатсияи кӯдакони то 6-солаатонро фаромӯш накунед, зеро бидуни ин ҳуҷҷатҳо барои аз сарҳад гузаронидани кӯдакон иҷозат дода намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД