sebiston july new
Сагчаи аҷибе, ки ним кило вазн дорад
761


Баландии қади сагчаи дусола 9,14 см, дарозии баданаш 12,7 см, вазнаш 553 граммро дар бар мегирад. Ин сагча ҳатто аз чӯбчаи яхмос қади пасттар дораду тақрибан ҳаҷмаш ба андозаи асъори доллар аст.

Сагча Перл соли 2020 дар ИМА тавлид ёфта, ҳангоми зода шудан ҳамагӣ 28 грамм буд. Соҳибонаш ӯро ҷонвараки хубу ором арзёбӣ менамоянд. Боз як сагчаи хурди дигар моли сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наши собаки» Артур Марплс аз Бритониёи кабир буд.

Баландии қади сагчаи сармуҳаррир 7,11 см ва дарозияш 9,5 см (аз нӯги бинӣ то думаш) буд. Ҷонварак 2 сол ҳам умр надида, соли 1945 фавтида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД