Formula september
Сари дастархон ҷамъ омадан оиларо мустаҳкам месозад
520

 

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» духтури оилавии МСШК №9 шаҳри Душанбе, модари азиз, Юлдошева Мавлуда мебошанд. Азбаски Мавлуда Расуловна табиб ҳастанд, саволи мо ба эшон чунин аст:

- Чӣ бояд кард, ки тифлакони мо солим ба воя расанд?

-Ҳама мавҷудоти рӯи олам рисолати аввалини хешро дар давом додани наслашон медонанд ва инсон, ки беҳтарин махлуқи офаридаи Худованд аст, аз ин шумул истисно нест. Мо инсонҳо тамоми буду набудамонро сарфи фарзанд мекунем, кӯшиш менамоем то онҳо дар шароити хуб зиндагӣ карда хонанд ва ба қавли маъмул одам шаванд. Аз ҳама бештар волидайнро вазъи солимии ҷигарбандон нигарон месозад, зеро саломатӣ бебаҳотарин гавҳар аст.

Мутаассифона, имрӯз аксари модарон пайи ташвишҳои рӯзгор муҳимтарин омил дар парваришу ба воя расидани кӯдак- ғизои солимро фаромӯш кардаанд. Чун ба атрофи худ назар мекунем, сари ҳар кӯчаю пайраҳа, хоса дар назди боғчаҳо ва мактабҳо мизҳое гузошта шудаанд, ки болои онҳо анвои бесифату арзонбаҳои хитоӣ рӯзҳою моҳҳо зери боду борон ва офтоби сӯзон меистаду харидоронашон асосан кӯдаконанд. Шахсони калонсоли кӯдакро ҳамроҳӣ мекарда ба хотири зудтар халос шудан аз кӯдак ва пайи кори худ рафтан як ё ду сомониро дода, бепарво барои ҷигарбанди худ беморӣ «мехаранд», зеро шириниҳои арзонбаҳою муддати истеъмолашон гузаштаи хитоӣ хоҳем-нахоҳем ба ҷисми чун гул нозуки кӯдак зарари худро мерасонанд. Табибони кӯдакона бар онанд, ки аз истеъмоли ин гуна маводҳои дар таркибашон элементҳои кимиёвии зараровардошта кӯдакон гирифтори бемории рӯдаю меъда, даҳону милкҳои дандон ва пӯст мегарданд. Пас, моро лозим аст назорат барем, ки кӯдаки мо чӣ мехӯрад ва он маҳсулот дар таркибаш чӣ дорад?

Мардуми тоҷик анъанаи қадими оиладорӣ дорад ва дар ин фарҳанг ҳикматҳои зиёди ибратомӯз нуҳуфтааст. Як анъанаи хуби ниёгони мо, ки ҳоло дар он низ рахна ворид шуда истодааст, гирди як хон, саҳару нисфирӯз ва бегоҳ истеъмоли ғизои сарҷамъонаи аҳли оила мебошад. Ин одати наҷиб ба фарзандон меҳр, ҳурмату эҳтиром ва дилсӯзӣ меомӯзад. Хурдон аз бузургсолони оила чӣ тавр сари дастурхон нишастану хӯрок хӯрдан ва сӯҳбат карданро меомӯзанд. Сари як дастархон ҷамъ омадану аз як суфра нон хӯрдан аҳли оиларо ба ҳам наздиктару қаринтар месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД