35 years of independency
Сарнавишти гургдухтар
04.10.2026
Oila.tj
76

Супатра, ки баъдтар бо номи Натти маъруф шуд, 5-уми августи соли 1999 дар Тайланд таваллуд шудааст. Аз рӯзи таваллуд тамоми бадани ӯ, ба истиснои баъзе қисматҳо, бо мӯйҳои зиёди ғафс пӯшида буд.

Табибон баъдтар муайян карданд, ки ӯ ба бемории ниҳоят нодири пӯст - синдроми Амбрас гирифтор аст. Ин беморӣ боиси афзоиши аз ҳад зиёди мӯй дар бадан мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, он эҳтимол ба тағйироти генетикӣ вобаста бошад. Волидони Натти аз рӯзи аввал ӯро бо муҳаббат ба воя расонданд. Аммо вақте духтар ба мактаб рафт, ба таҳқири ҳамсолонаш рӯ ба рӯ шуд. Дар аксҳо аксаран рӯяш бе мӯй дида мешавад.

Ба гуфтаи падараш, Натти мӯйҳои рӯяшро мунтазам метарошад, зеро мехоҳад чеҳрааш, аз ҷумла чашмону лабу рухсораҳояш равшан дида шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД