Чашмаи навозиш
Нигор нақл кард, ки шавҳараш бар асари бемории домана фавтидаасту писаркашро танҳо ба воя мерасонад. Бону дар бораи деҳа, зебогиҳои он, ишқаш ба Ансор чунон бо ҳавас сухан мекард, ки ҳофиз нафаҳмида ба ӯ дил баст. Нигор ғоибона дар донишгоҳ мехонд ва ҳар бори ба пойтахт омаданаш, як моҳро бо ҳамроҳии Ансор сипарӣ мекард. Ансор ҳайрон мешуд, ки як бонуи қишлоқӣ ин қадар дар бораи покизагии ишқ ҳарф мезанаду ин қадар ӯро дӯст медорад, вале оҳиста-оҳиста ин ишқ ҳам ба дилаш зад. Зеро ӯ акнун бо раққосае дил баста буд. Ҳамин тавр ӯ аз Нигор ба қавли худаш канд.
Баъди даҳ сол
Дар ин миён ба Ансор мансаби баланде доданд, акнун ӯ гоҳ-гоҳе ба саҳна мебаромад. Чун зиёд ҳарис буд, дар як муддати кӯтоҳ аз ҳисоби пули ҳаром соҳиби ҳавлию ҳарам, мошину хонаҳои қатор гашт. Худаш низ бологузару хушлибос буд, маъшуқаҳои ҷавону зебо барои пулҳояш дар атрофаш чарх мезаданд.
Духтарашро хонадор карду писарашро зан дод, ҳамсараш се карат ҳоҷибибӣ шуд. Дар кохи бонуфузе маҳфили адабие баргузор гашт, он ҷо Ансор чун меҳмони ифтихорӣ суруд хонд. Ва дар толор Нигорро дид, аввал гумон кард, ки нигоҳаш ӯро фиреб медиҳад, вале баъди ба толор фаромада боварӣ ҳосил кард Нигор ин ҷо ҳузур дорад…
“Агар каме фарбеҳ шуданашро ба назар нагирем, ӯ тамоман дигар нашудааст, ҳамон малоҳат, назокат ва зебоӣ… Танҳо либоспӯшияш ба занҳои шаҳрӣ монанд…” - аз дил гузаронид Ансор, ки дар дил чӣ гуна бори дигар ба дом афтондани бонуро мекашид.
Маҳфил ба охир расиду Ансор назди мошини қимматбаҳои хориҷияш ин тараф он тараф рафта нигорро мунтазир нишаст. Аммо бону ғайри чашмдошташ ба ӯ нимнигоҳе ҳам набахшида бо марди қоматбаланди зардинаи хушсалиқае ба мошини аз мошини ӯ гаронбаҳотар нишаста рафт.
Пас аз ҷустӯҷӯйҳои зиёд Ансор фаҳмид, ки Нигор ба марди сарватманде хонадор шудаву дар ташкилоти хориҷие кор мекунад. Акнун ӯ шабу рӯз фикри Нигорро мекард ва баъди шаш моҳи ин вохӯрӣ онҳо дар мағозае рӯ ба рӯ омаданд, Нигор бо ӯ гарм авҳолпурсӣ карду бо ҳамон содалавҳии азалӣ иброз дошт, ки он рӯз назди шавҳараш натавонист бо гуфтугӯ кунад.
Як пиёла чой
Ансор Нигорро ба ҷону ҳолаш намонда аз ӯ қавл гирифт, ки ду рӯз пас сари як пиёла чой суҳбаташонро давом медиҳанд…
Сари хони пурнозу неъмати тарабхонаи бонуфуз ошиқҳои собиқ то дер сӯҳбат карданд. Сӯҳбати ширини боақлона, симои ниҳоят зебо қомати болову лабу даҳони дилкаши ҷавонзан, Ансорро дубора ба худ кашид. Ҳиси шаҳвонияш боло гирифту ба шавҳар доштани зан нигоҳ накарда хирагӣ карда ба Нигор дубора изҳори ишқ кард. Ҷавонзан бо ханда гуфт:
- Ман шавҳар дорам ва намехоҳам ба ӯ зиёнат кунам, дигар ин ки ман ба ту чӣ даркорам, медонам, ҳоло барои пул шуду шонздаҳсолаҳо ба оғӯши ту барин бойбобоҳо медароянд.
Аммо Ансорр оне, набуд, ки аз луқмааш даст кашад, баъд мехост ба Нигор боигариву шукӯҳу шаҳомати худро нишон диҳад. Зеро он замоне, ки онҳо бо ҳам омада буданд, Ансор ғайри хонаи якҳуҷрагӣ ва як «Волга»-и шалақ чизе надошт…
Имрӯз бошад…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД