Дар доми гуноҳ
Пас аз чор-панҷ моҳи зангҳои телефонию изҳори муҳаббат Нигор боз ба оғӯши Ансор даромад. Ӯ ба рӯи ишқу муҳаббати шавҳараш, ки аз Ансор дида зебою сарватманд буд по гузошт, ба ӯ хиёнат кард… Шавҳари Нигор мисли худаш дар ташкилоти бонуфузи хориҷие ифои вазифа мекард, тавассути ӯ Нигор низ соҳиби кори хубу маоши баланд, хонаю дари бошукӯҳ мошину тиллою бриллиантҳо буд. Мард зуд-зуд ба сафари хидматӣ мерафт, вале дилаш аз завҷаи нозанинаш пур буд. Ҳеҷ бовар намекард, ки зани нозанину намозхони ӯ, ки аз чизе камбудӣ надошт ба осонӣ ба бағали ҳофизаи занбозе медарояд.
Давоми як моҳи дар сафари хизматӣ будани шавҳараш зан дар оғӯши Ансор буд. Баъди шаш-ҳафт моҳи вохӯриҳои ошиқона Ансор маъшуқаи ҷавон ёфту дигар Нигоррро суроғ накард. Аммо дили омӯхтаи Нигор навозиши дигар мехост ва худаш Ансорро ҷӯстуҷу карда мерафт, аммо Ансор Нигорро дар ҷойи кораш сардакак қабул мекарду ҷавоб медод. Дигар хонаи бошукӯҳ, рахти хоби қимматбаҳою тарабхонаравӣ набуд. Аслан Нигор зани серпуле буду ҳеҷ гоҳ аз Ансор чизе намехост, вале мард дигар аз ӯ сер шуда буд. Ба зангҳои телефонии бону ҷавоб надода, ӯро ҷигархун мекард. Паёмакҳои пур аз меҳр, гиряву зории зани ошиқ ба дили сарди мард асаре надоштанд. Зеро ӯ булҳавас буду бо занҳои гуногун ҳамхоба мешуд. Борҳо ба бемориҳои нанговари ҷинсӣ печида бошад ҳам, худро табобат мекарду боз аз пайи айшу нушаш мегашт. Ба ҳоли Нигор бошад зери лаб механдид, ки сад шаҳрӣ шуда бошӣ ҳам қишлоқигият мондааст, наход гумон созӣ ман як умр бо ту мемонам. Эҳа дар ин дунёи сернигор, ҳар рӯз ошиқ нашавӣ гуноҳ аст! Чунин буд шиори ҳофиз…
Дуои зани ошиқ
Ансор телефони дастияшро барои Нигор дастнорас карда бошад ҳам, ҷавонзан ба телефони корияш занг заду аз ӯ хоҳиш кард, ки бори охир бо ӯ вохӯрад. Ансор нею нестон кард, вале баъди каме андеша гуфт:
- Хайр бегоҳ ман дар ҳамон ҷо туро мунтазир мешавам.
Нигор бегоҳ омад, ҳоли табоҳе дошт. Дар тан куртаи хонапӯшӣ, ҳатто сарашро дуруст шона накарда буд. Ансор аз азоб додани занҳои ошиқ кайфият мебурд, вагарна борҳо дар дил иқрор шуда буд, ки Нигор аз байни ҳама барояш ягона аст. Бо ҳамин авҳоли зор низ Нигор як зебоии хос дошт, зан аз дар даромадан замон худро пеши пойҳои Ансор партофта гирист:
- Ансорҷон, илтмос, ба ман раҳм намо, охир наметавонам як лаҳза бе фикри ту бошам. Майлаш бо ман вонахӯр, меҳрубониям масоз, фақат ба зангҳоям ҷавоб деҳ, шуд. Овозатро шунавам, бароям кофист…
Зан пойҳои Ансорро, ки болои роҳаткурсӣ нишаста телевизор медид мебӯсиду мегирист. Ансор аз ин зории зан худро султони олам ҳис карда ҷавоб дод:
- Наметавонам. Миёни мо дигар чизе буда наметавонад…
Нигор хастаҳолона аз ҷояш хесту ду даст сӯи осмон бардошта дуо кард:
- Худоё, худат шоҳид ҳастӣ, ки ин палид бо чӣ зориҳо маро дубора ба бистар кашид. Мани осии беандеша чӣ гуноҳ кардам, ки ишқи ӯро дар дилам ҷо кардӣ?!
Баъд ба Ансор рӯ оварда гуфт:
- Барои маро ба хиёнат кашиданату баъд пушти по заданат, Худованд аз ду по маҳрумат созад!
Нигор бо шаст аз дар баромад…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД