Arzon march 2024
Сарвиноз Раҷабова: Шавҳарам сарамро кал карду кӯдакамро кашида гирифт!(ВИДЕО)
2824


Ба идораи сомонаи Оила-ТЧ сокини ноҳияи Восеъ Сарвиноз Раҷабова, ки ба зӯроварии хонаводагӣ рӯ ба рӯ гаштааст, имдодхоҳона муроҷиат намуд.

Савиноз зиёда аз 10 сол боз ба сифати ҳамшираи шафқат кор мекунад, вале имрӯз дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ дармондааст. Сарвиноз мегӯяд шавҳарам бо як ҷавон, ки модари беморашро нигоҳубин мекард, гап задани маро дида, бе ягон далел маро ба хиёнаткорӣ муттаҳама намуд ва обрӯямро резонд.

Аз нақли ин ҷавонзани туҳматзада чунин бармеояд, ки шавҳараш сарашро кал крада, ӯро дар ҳамоми хонааш маҳкам кардааст. Дар муддате, ки Сарвиноз дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, шавҳараш ва пайвандони ӯ нисбати ин ҷавонзан бераҳмона рафтор намуда, Сарвинозро мезадаанд ва нони хӯрдан намедодаанд.
Пас аз ин ҳама азобҳо Сарвиноз аз хонаи шавҳараш фирор намуда ба идораи ҷамоат ва дигар мақомотҳо муроҷиат менамояд, аммо такудави ҷавонзан ягон суд набахшидааст. Шавҳараш бо тӯҳмат писари Сарвинозро, ки маъюби гуруҳи якум мебошад аз дасташ кашида мегирад. Ба фарзанди дуюмаш бошад, шавҳари Сарвиноз алимент намедиҳад ва ин кӯдаки бегуноҳро ҳатто суроғ намекунад. Беҳтараш саргузашти талхи Сарвиноз Раҷабоваро аз забони худаш бишнавед! 

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД