arzon replenishment
Сайри ройгони Душанбе доир мешавад
3770

Бахшида ба 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии дохилишаҳрии "Шоми Душанбе" роҳандозӣ шудааст. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Комрон Зафарзода ба сомонаи "Oila" иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, сайр комилан ройгон буда, он ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 19:30 оғоз мегардад. Барои номнавис шудан сокинону меҳмонони пойтахт бояд соати 19:00 дар майдони "Озодӣ" назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳозир шаванд.

Зафарзода гуфт, шуъбаи сайёҳии МИҲД-и пойтахт тибқи имкон ба ин сайр сарояндагону чеҳраҳо ва гидҳои таҷрибадорро ҷалб мекунанд.

"Сайёҳати мазкур аз давр задан дар гирди шаҳри Душанбе иборат аст. Сокинон бояд барвақттар оянд, то дар рӯйхат номашон қайд шавад, зеро шумораи довталабон хеле зиёд аст. Онҳо бо автобусҳои дуошёна Душанберо сайр мекунанд", - гуфт ин масъули шуъбаи сайёҳии пойтахт.

Бояд гуфт, ки сайрҳои мазкур аллакай шуруъ шуда, давоми чанд ҳафта инҷониб сокинон тавассути хатсайрҳои мухталиф пойтахти мамлакатро тамошо кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД