arzon replenishment
Се тоҷикбача ҷоизаҳои шаҳрдори Москавро гирифтанд
589

Дирӯз барандаҳои озмуни "Сад саргузашти пойтахт", ки ба корҳои хайри муҳоҷирон дар Маскав бахшида шуд, эълон гардиданд ва дар миёнашон зодаҳои Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ба иттилои шаҳрдори Москав, ҷоиза "Барои саҳм дар ташкили кор бо ҷавонони миллатҳои мухталиф"-ро, Итёрбек Туймамадов, зодаи ВМКБ гирифт.

Ба намояндаи дигари Тоҷикистон Масрур Музаффарбеков, ки ӯ ҳам зодаи ВМКБ аст, ҷоиза "Барои дили меҳрубон ва кумак ба ниёзмандон" супорида шуд.

Музаффарбеков 10 сол боз дар Маскав ба сар мебарад ва аз назди пиронсолони ниёзманд бе дароз кардани дасти кумак гузашта наметавонад. "Маҳз тарбия муайян мекунад, ки инсон чӣ гуна ба воя мерасад", - навиштааст ҷоизадор дар фейсбукаш.

Ҷоизадори сеюм аз Тоҷикистон роҳбари намояндагии созмони ҷамъиятии умумирусиягии "Бародарии ҷангӣ" дар ҷумҳурӣ, Саидаҳмад Давлатов шуд. Вай дар номинаи "Таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва равобити байни миллатҳо" беҳтарин дониста шуд.

Таъкид шуд, ки бо мусоидати Давлатов гулгашт дар як оромгоҳи ҷанговарони байналмилалӣ, ки дар Афғонистон хизмат кардаанд, бозсозӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки озмуни "Сад саргузашти пойтахт" бори нахуст бо дастгирии Раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Маскав ва Бунёди "Технологияҳои байналмилалии ҳамгироӣ" баргузор мешавад.

Ҳадафи ин озмун муаррифии корҳои накӯи муҳоҷирони хориҷӣ, ки дар Русия иқомат доранду корнамоиҳои беғаразона анҷом медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД