Oila Navruz
СЕ ЗАРБИ КОРД БА ҶОИ МУЗДИ МЕҲНАТ
27.11.2020
Р. Азимӣ
7307


Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи ҳаёти мардум мубаддал гаштааст. Ҳамасола ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони мо барои пешбурди зиндагӣ ва пайдо кардани як луқма нони ҳалол баҳри аҳли оилаашон ба Русия ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба муҳоҷират мераванд.

Суҳроби 27-сола низ бо ҳазорон орзуву ормонҳои ширин, ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ Ба Қазоқистон мардикорӣ рафта буд. Падару модар бо дуои нек фарзандашонро гусел намуда, ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки ин охирин дидори онҳо бо ҷигарбанадон аст, аммо баъди шаш моҳ хабари кушта шудани ин ҷавони рустамбозу расид.

Сару садоҳо дар бораи марги пурасрори ин муҳоҷири тоҷик зиёданд. Аз рӯйи овозаҳо муносибати Суҳроб бо сардори бригадаи сохтмонӣ якбора тезу тунд гашта, кор то ба куштор расидааст.

Сабаби асосии моҷароро ба пул рабт медиҳанд. Аз рӯйи гуфти баъзе ҳампешагонаш Суҳроб дар як сохтмон чанд моҳ кор карда бошад ҳам, музди меҳнаташро пардохт накардаанд. Вақте ки ин муҳоҷири тоҷик ҳаққи заҳматашро талаб мекунад, ба корфармоён ин иддаои ҷавони меҳнаткаш хуш наомада, аз пайи аз байн бурдани даъвогар мешаванд.


Ҳамин тавр шоми 24-уми ноябр Суҳроби Маҳмуд ба ҷойи пул се корд “мукофот” гирифта, дар мулки ғурбат ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Айни замон ҷасади Суҳроби Маҳмуд дар Қазоқистон дар сардхона нигоҳ дошта мешавад. Ин ҷавони ормонӣ зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, 7-моҳ қабл ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Аз Суҳроби Маҳмуд як духтарчаи 2-сола ятим монд.

Аз шахсоне, ки ин ҷавонро мешиносанд, хоҳиш мекунем, ки ба наздиконаш хабар диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД