arzon replenishment
Шаби солинавӣ ба куҷо равем?
29.12.2022
Mahina
584

Чанде аз хонандагони сомона ба унвонии мо муроҷиат карда, пурсиданд, ки шаби Соли Нав ба куҷоҳо метавонанда барои таҷлили ин ҷашн ва хурсандӣ раванд? Мо низ барои дарёфти посух ба ниҳодҳои масъул муроҷиат карда, посухи суолро ёфтем:

31 декабр, соати 20:30 дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ дар майдони «Истиқлол» ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин, бахшида ба Соли нави 2023 дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи рангини афсонавии «Шаҳри муъҷизаҳо» барои хонандагони мактаб- интернатҳои пойтахт таҳия гардида, ба онҳо аз номи Раиси шаҳри Душанбе туҳфаҳои солинавӣ тақдим мегарданд.

Аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд. Арчаи мазкур 30 метр баландӣ ва 17 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣ-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст.

Ҳамзамон дар майдон 22 адад дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, армуғонҳо, туҳфаҳо ва хӯрокҳои тезтайёр гузошта шудаанд, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД