Бо фаро расидани дарозтарин шаб ва кӯтоҳтарин рӯзи сол мардуми тоҷик яке аз ҷашнҳои қадимаи худ - Шаби Ялдоро таҷлил мекунанд. Ин шаб, ки ба дарозтарин шаби сол (21-22-юми декабр) рост меояд, падидаи муҳими фарҳангӣ, фалсафӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Шаби Ялдо, бо вуҷуди тӯлониву торикиаш, дар тафаккури мардум на ҳамчун шаби ноумедӣ, балки башорате ба рӯшноӣ ва пирӯзии нур бар зулмот таҷассум ёфтааст.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Ялдо реша дар фарҳанги ориёӣ дошта, аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи нуру рӯшноӣ, пирӯзӣ ба зулмот ва тавлиди хуршед ҷашн гирифта мешуд. Агар ба таърихи Шаби Ялдо назар афканем, он дар замони ҳукмронии Дорюши якум дар соли 502-юми қабл аз мелод ба тақвими эрониён дохил шудааст.
Худи вожаи «Ялдо» аз забони сурёнӣ гирифта шуда, маънои «таваллуд»-ро дорад. Мутафаккири бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ Шаби Ялдоро "Мелоди акбар" (яъне Мелоди хуршед) номидааст. Зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад.
Ҷамъ омадани аъзои оила сари дастархони ялдоӣ аз унсурҳои асосии Шаби Ялдо маҳсуб меёбад. Мардум дар ин шаб рӯйи дастархон меваҳои рамзӣ, аз қабили анор, тарбуз, себу хурмову мандарин, чормағзу пиставу бодом, шамъу дорчин мегузоранд. Ҳамзамон девони Ҳофизу "Шоҳнома"-и Фирдавсиро рӯйи хони ялдоӣ гузошта, шеърхонӣ мекунанд.
Хондани ашъори Ҳофиз, Фирдавсӣ, дигар шоирони бузург ва ёдоварӣ аз гузаштагон як ҷузъи муҳими ин шаб ба шумор меравад.
Шаби Ялдо дар осори бисёре аз шоирону нависандагони тоҷику форс ёд шудааст. Онҳо ин шабро дар ашъори худ бо ташбеҳҳои гуногун истифода бурдаанд.
Бо вуҷуди он ки Шаби Ялдо дар Тоҷикистон расман ва ба таври густурда ҷашн гирифта намешавад, доираҳои фарҳангӣ онро ҳар сол бо барномаҳои адабӣ ва оростани дастархони идона таҷлил менамоянд. Солҳои охир таваҷҷуҳи зиёди ҷавонон ба эҳёи арзишҳои фарҳангӣ боис шудааст, ки Шаби Ялдо ҳамчун як унсури муҳими ҳувияти миллӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки зинда нигоҳ доштани чунин ҷашнҳо на танҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ муҳим аст, балки метавонад дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва ҳамдилии мардум нақши муассир бозад. Албатта дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир ҳифз кардани анъанаҳои миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандӯст аст.
Имрӯзҳо Шаби Ялдо ба мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст. Он ҳамчун як унсури муҳими мероси ғайримоддии фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта, аҳамияташ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо бештар эҳсос мешавад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ