goodwell
Шабнами Сурайё: Бозгашт ба саҳнаҳои давлатӣ
90

Ҳузури Шабнами Сурайё дар барномаҳои телевизионии давлатӣ ва чорабиниҳои расмӣ баҳси куҳнаро аз нав зинда кард: “Оё дар фазои фарҳангии Тоҷикистон нисбат ба бархе ҳунармандон маҳдудияти ғайрирасмӣ вуҷуд дошт ва акнун ин маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта мешаванд?”. Зеро Шабнами Сурайё солиёни зиёде аст, ки ба чорабиниҳои давлатӣ даъват намешуд ва дар телевизионҳои давлатӣ ҳам сурудҳои ӯро касе намешунид.

Шабнам дар телевизион

Рӯзи 23 майи соли 2026, дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Майдони «Истиқлол»-и Душанбе баргузор гардид, Шабнами Сурайё рӯи саҳна баромад. Барнома бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе доир шуда, ҳунарнамоии сароянда аз тариқи телевизиони «Душанбе» низ пахш гардид.

Баъдан навори иштироки ӯ дар Рӯзи фарҳангии шаҳри Кӯлоб дар Душанбе дар яке аз барномаҳои телевизиони «Сафина» намоиш дода шуд. Дуэти қаблан сабтшудаи Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин низ чанд бор аз Радиои давлатии «Садои Душанбе» садо дод.

Ин воқеаҳо мухлисони Шабнамро хурсанд кард, зеро ин ситораи пурҷилои ҳунарро солиёни зиёд дар экрани телевизионҳо дида намешуд. 

“Рӯйхати сиёҳ” ҳаст?

Шабнами Сурайё, модараш - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед солҳои зиёд дар консертҳои давлатӣ ва эфири телевизионҳои давлатӣ кам ё тамоман ҳузур надоштанд. Бо вуҷуди овозаҳои зиёд, сабаби расмии чунин вазъ ҳеҷ гоҳ ба таври равшан ва муфассал шарҳ дода нашуд.

Мавзуи ба истилоҳ «рӯйхати сиёҳ» ё «рӯйхати махсус»-и сарояндагон ҳанӯз аз оғози солҳои 2010 дар матбуот матраҳ мешуд. Яке аз рӯйдодҳое, ки ин гумонҳоро бештар кард, аз пахши телевизионӣ хориҷ шудани ҳунарнамоии Шабнами Сурайё дар барномаи Наврӯзи соли 2011 буд. Расонаҳо он вақт навишта буданд, ки маҳз пас аз «қайчӣ» шудани иҷрои ӯ суолҳо дар бораи маҳдудияти ғайрирасмӣ ҷиддитар шуданд. Дар солҳои баъдӣ масъулони телевизион вуҷуди чунин феҳристро рад карда, сабаби пахш нашудани баъзе суруду клипҳоро номувофиқ будани муҳтаво, матн, сабки саҳнавӣ ё ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои шӯроҳои бадеӣ меномиданд.

Дар баробари Шабнам чанд ҳунарманди дигар низ дар шабакаҳои давлатӣ камтар нишон дода мешаванд ё умуман нишон дода намешаванд. Аммо ҳеҷ санади расмие, ки вуҷуди чунин рӯйхатро тасдиқ кунад, дар даст нест.

Имсол ҳузури дубораи Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳринигори Рустам ва акнун Шабнами Сурайё дар барномаҳои давлатӣ чунин эҳсосро ба вуҷуд овардааст, ки муносибат бо чеҳраҳои маъруфи эстрада тағйир меёбад.  

Ситораи форсизабонон

Шабнами Сурайё дар хонаводаи ҳунарӣ ба воя расид: модараш Сурайё Қосимова аз чеҳраҳои шинохтаи мусиқии тоҷик аст ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед низ роҳи сарояндагиро пеш гирифтааст. Шабнам аз овони наврасӣ ба саҳна майл дошт ва тибқи маълумоти расонаҳо, ҳанӯз дар 13-солагӣ ҳунарнамоӣ мекард.

Фаъолияти касбии ӯ дар нимаи аввали солҳои 2000 густариш ёфт. Таронаи «Аз кадуми сафар» яке аз сурудҳое гардид, ки номи ӯро ба доираи васеи шунавандагон бурд. Баъдан «Нестӣ, нестӣ», «Бизан дутора», «Бачаи Кӯлоб», «Наравад», «Хаёли ҷонона», «Дӯстат дорам», «Ай ҷун», «Шом омадаем», «Намебахшам» ва таронаҳои дигар ба репертуари маъруфи ӯ ворид шуданд.

Хусусияти муҳими ҳунари Шабнам дар он аст, ки ӯ танҳо ба бозори дохилии Тоҷикистон маҳдуд нашуд. Ӯ дар Афғонистон, Ӯзбекистон, Русия, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва миёни муҳоҷирону ҷомеаҳои форсизабон мухлис пайдо кард. Ин паҳнои ҷуғрофӣ барои эстрадаи тоҷик муҳим аст, зеро Шабнам дар солҳои фаъолияташ ба яке аз чеҳраҳое табдил ёфт, ки мусиқии оммавии Тоҷикистонро берун аз марз муаррифӣ намуд.

Қолабшиканӣ

Шабнами Сурайё бештар дар сабкҳои поп, эстрада ва поп-фолк фаъолият мекунад. Дар эҷоди ӯ таронаҳои ошиқона, оҳангҳои рақсӣ, бозхонии сурудҳои мардумӣ ва истифода аз мусиқии тоҷикӣ, афғонӣ, эронӣ ва ӯзбекӣ ба ҳам меоянд. Ӯ аз овозхонҳое буд, ки ба клип, ороиши саҳна, либос ва тарзи муаррифии визуалӣ аҳаммияти зиёд дод.

Маҳз ҳамин хусусият ӯро ба яке аз чеҳраҳои таъсиргузори фарҳанги оммавӣ табдил дод. Барои насли ҷавони занони сароянда Шабнам намунаи ҳунарманде гардид, ки метавонад мустақилона симои саҳнавии худро бисозад, дар бозори байналмилалӣ фаъол бошад ва бе такяи доимӣ ба сохторҳои расмӣ аудиторияи бузург пайдо кунад.

Соли 2015 ӯ дар маросими Big Apple Music Awards ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи мусиқии форсизабон қадршиносӣ шуд. Расонаҳо он сол аз дарёфти ҷоизаи «беҳтарин овозхони зан дар миёни кишварҳои форсизабон» хабар доданд ва худи сароянда ин эътирофро мояи ифтихори як духтари тоҷик номид.  

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД