Бо ибтикори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми августи соли 2026 дар меҳмонхонаи Crowne Plaza ҷаласаи корӣ оид ба амалисозии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2026, таҳти №315 тасдиқ шудааст, баргузор гашт.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки рушди Осиё, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Рушди Авруосиё, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Дафтари ҳамкории Швейтсария, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва дигар идораҳои марбута иштирок доштанд.
Зимни чорабинӣ муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом ва муовини раиси кумита Солеҳзода Аюбҷон Маъруф суханронӣ намуда, қайд карданд, ки барномаи мазкур идомаи мантиқии ислоҳоте мебошад, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, ба рушди маъмурикунонии андоз, тавсеаи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар системаи андоз, тақвияти ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ равона гаштааст.
Дастовардҳои назаррас дар самти рақамикунонии андоз
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист заминаи устувори гузариш ба маъмурикунонии муосири рақамиро фароҳам орад. Аз ҷумла системаи иттилоотии андоз таҷдид гардида, дар он зиёда аз 50 модули барномавӣ муттаҳид ва ҳамгиро карда шудаанд ва беш аз 60 намуди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон пешниҳод карда мешаванд. Яке аз дастовардҳои муҳим роҳандозии замимаи мобилии «Андози ман» мебошад, ки имконият медиҳад шаҳрвандон ва соҳибкорон қисми зиёди хизматрасониҳои андозиро бидуни муроҷиат ба мақомоти андоз истифода намоянд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» Кумитаи андоз бо 24 ташкилоти молиявии қарзӣ ҳамкориро ба роҳ монда, шаҳрвандон метавонанд андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро тавассути замимаҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ, POS-терминалҳо ва дигар воситаҳои пардохти ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Тӯли шаш моҳи соли 2026 тавассути POS-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ зиёда аз 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ анҷом дода шудааст, ки аз рушди фарҳанги пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ шаҳодат медиҳад.
Зимни ҷаласа самаранокии ислоҳоти рақамикунонӣ аз ҷониби мушовири Хазинаи байналмилалии асъор оид ба масъалаҳои андоз дар Точикистон ҷаноби Модестас Каселиаускас ва коршиносони байналмилалӣ мусбат арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба технологияҳои навини рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва маъмурикунонии андоз дар миёни дигар кишварҳои Ховари Миёна пешсаф мебошад.
Марҳилаи нави ислоҳоти рақамӣ
Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 марҳилаи нави ислоҳоти рақамии мақомоти андоз маҳсуб ёфта, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, истифодаи маълумоти калонҳаҷм (Big Data), тавсеаи табодули электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳои андозӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва коҳиш додани иқтисоди пинҳониро пешбинӣ менамояд.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки татбиқи босамари Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ барои ташаккули низоми шаффоф ва самараноки маъмурикунонии андоз, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисоди рақамии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.