Arzon march 2024
Шарҳи ҳолати "синфоромкунӣ" дар ноҳияи Ҳамадонӣ
1183

Охири ҳафтаи гузашта синфоромкунии зане дар мактаби №23-и ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ серсарусадо шуд, зеро нафаре, ки паси навор ба хонандагон адаб медод, бо лаҳни тунд ва адабчӯбе муҳассилини синфи 1-ро ором карданӣ мешуд.

Бо гузашти чанд соат Раёсати маорифи вилояти Хатлон ин ҳолатро шарҳ дода, гуфт, навори мазкур аз тарафи шаҳрванд Д. М, як сокини ноҳияи мазкур сабт кардааст, ки дар қайди Маркази равонпизишкии ноҳия мебошад.

Бино ба шарҳи Раёсат, ӯ субҳ ба мактаби деҳаашон кӯшиши ворид шудан намудааст, вале посбон ва навбатдор монеи ворид шудани ӯ ба муассисаи таълимӣ шудаанд. Пас аз ин тахминан соатҳои 13:30 аз дигар қисмат вориди бинои муассиса гардида, дар ҳолати дар хонаи омӯзгорон будани омӯзгори синфи 1 - ум ба синфхона ворид шуда, бо телефони мобилӣ хонандагонро ба навор гирифтааст. Омӯзгор пас аз чанд дақиқа ба синфхона баргашта, ҳолати мазкурро дида, ӯро ҳамроҳи посбон аз муассиса берун кардааст.

Баъди ин, чанд корбари сомона ба мо гуфт, ин зан собиқ омӯзгор буда, дар воқеъ, дорои бемории хусусияти равонидошта аст. Бо мақсади муайян карани ин хабар мо ба мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ Санифа Тағоймуродзода занг задем.

Муаллима баъди ҳолпурсии кӯтоҳ гуфт дар ин бора чизе намедонаду гуфта ҳам наметавонад. Сипас, хомӯш истод ва боз гуфт дар ҷаласа асту дертар збарояш занг занем.

Бинобар ин, соати 16-и бегоҳ бори дигар ба муаллима вобаста ба шарҳи қазияи мазкур, ки суолбарангез аст, тамос гирифтем. Дафъаи аввал телефонро касе набардошт, дафъаи дуюм нафаре ба занг ҷавоб дод, вале хомӯш истод, танҳо садоҳои табиӣ меомаданд.

Баъди сеюм маротиба занг задан муаллима ба телефон ҷавоб дода, фавран пурсид, ки кистем. Вақте хабарнигори сомона худро муаррифӣ кард, “ин ҷо маорифи Ҳамадонӣ нест” гуфта, телефонро хомӯш кард.

Бояд гуфт, ки мо на ба рақами шуъбаи маориф, балки рақами дастии сарвари он занг задем. Барои тасдиқи рақам бо писари муаллима ҳамсӯҳбат шудем ва ӯ ба модараш (мудири маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ) тааллуқ доштани рақами мазкурро тасдиқ кард.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро мудир нахост ба суолҳо посух диҳад? Қонунгузорӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоъ ба чунин мансабдорон дахл надорад, магар ва ё чаро ӯ чанд дафъа ба мухбирони сомона дурӯғ гуфт?

Имрӯз мо барои дарки воқеият ба сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода занг задем. Мавсуф дар қиёс бо мудири маориф нафари соҳибэҳтиром нисбат ба расонаҳо буда, ба ҳамаи суолҳои мо мушаххас посух гуфт.

Бино ба иттилои Ғазалшо Сафарзода, шаҳрванд Д. М. воқеан гирифтори бемории равонӣ аст ва собиқаи омӯзгор надошт, ки инро ҳамдеҳаҳояш ҳам зимни суҳбат бо сардори Раёсати маорифи Хатлон тасдиқ кардаанд.

“Вақте аз деҳа то мактаб мерафтам, бо чанде аз сокинони деҳа суҳбат кардам. Онҳо ҳам тасдиқ карданд, ки ӯ бемории равонӣ дорад”, - гуфт мавсуф.

Дар мавриди чораҷӯӣ нисбат ба ин ҳодиса Ғазалшо Сафарзода гуфт, бо тавсияи Раёсати маорифи вилоят ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бояд ҳайати идоракунии муассиса пурра иваз карда шаванд.

“Чун дар салоҳияти мо нест, ба шуъбаи маорифи ноҳия гуфтем, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроия роҳбарияти мактабро пурра нав кунанд. Ҳоло дар мавриди ин чораҷӯӣ иттилои комил надорам, ки ҳайат иваз шуд ё не”, - гуфт Ғазалшо Сафарзода.

Мавсуф иддаои онеро, ки ин шаҳрванд ба маҷлиси падару модарон омада, хонандагонро бетартиб ёфта, ба синфхона даровардааст, рад карда, гуфт, ҳолати мазкур замони хатми дарси хонандагони басти якум ва оғози басти дуюм сурат гирифтааст.

"Ҳоло дарс сар нашуда буд. Ин зан хонандагони мактабро аз саҳни мактаб ҷамъ карда, ба синфхона даровардааст. Дар ҳамин замон сарвари муассиса дар мактаб набудааст”, - гуфт сардори Раёсати маорифи вилоят.

Бояд гуфт, ки гурез аз масъулият аз ҷониби мудири маорифи ноҳия боиси ҳайрат ва масъулиятшиносии сардори Раёсати маорифи вилоят боиси ситоиш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД