2-юми апрел журналистикаи тоҷик яке аз чеҳраҳои барҷаста ва сутуни устувори худро аз даст дод. Расули Носир рӯзноманигори соҳибтаҷриба, қаламкаши тавоно ва шахсияти шинохтаи матбуоти миллӣ дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Расули Носир тамоми умри пурбаракати хешро ба журналистика бахшида, бо истеъдод, маҳорати баланд ва таҷрибаи ғании худ дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти эҷодӣ ҳамчун қаламкаши содиқ миёни ҳамқаламон ва хонандагон маҳбубият пайдо намуда буд.
Расули Носир 20-уми майи соли 1935 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ бо нашрияҳои маъруф, аз ҷумла «Тоҷикистони Советӣ», «Роҳи коммунизм» ва маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» ҳамкорӣ дошт. Солҳои зиёд дар рӯзномаҳои «Набзи Деваштич» ва беш аз 45 сол дар «Паёми Истаравшан» фаъолият намуда, осори гаронбаҳо ба мерос гузоштааст.
Ӯ муаллифи ҳазорҳо мақола ва даҳҳо қиссаву ҳикоя буда, дар жанрҳои ҳаҷв, памфлет ва фелетон бо нигоҳи танқидиву таҳлилӣ масъалаҳои муҳими ҷомеаро матраҳ мекард. Мақолаҳои ӯ, аз ҷумла «Насиба», «Хонадомод», «Худам шоҳу табъам вазир», «Раис мерақсад» ва дигар навиштаҳо бозгӯи андешаҳои амиқ ва ҷасорати эҷодии ӯ мебошанд.
Марҳум ҳамеша дар баробари ошкор кардани камбудиҳо роҳҳои ислоҳи онҳоро низ пешниҳод мекард ва бо ҳамин рисолати касбии худро бо масъулияти баланд иҷро менамуд.
Ӯ аз соли 1975 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, хизматҳои шоистааш бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.
Ёдат ба хайр, қаламкаши созандаи матбуоти тоҷик!
Абдуғаффор ШОДИЕВ