sebiston july new
«Шикор»-и намозгузорон дар масҷид
728

Рӯзи ҷумъа, 20-уми октябр нерӯҳои “Омон”як гурӯҳ намозгузоронро аз назди масҷиди шаҳраки Котелники зӯран ба мошинҳо бор карда, ҳамроҳи худ бурдаанд. Ҳадаф аз “шикор”-и намозгузорон ба иттилои расонаҳои русӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия ҷалб намудани онҳо будааст.

Махмуд Усейнов, яке аз ситораҳои шоу-барномаи “Перепой звезду” аз “шикор”-и мардон дар масҷид дар телеграм-канали худ иттилоъ додааст. Ин шоумени машҳур он рӯз ҳамроҳи дигар мардон ба масҷид барои ибодат рафта, аз ҷониби нерӯҳои “Омон” боздошт шудааст.

Намозгузоронро бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо боздошт намуда, ба коммисариати ҳарбӣ бурдаанд ва маҷбур кардаанд, ки барои ба таври ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия пайвастан ариза навишта, бо Вазорати мудофиаи Россия шартнома банданд.

Кормандони комиссариати ҳарбӣ таҳдид кардаанд, ки дар сурати саркашӣ намуданаз хизмат нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушода, зиндон мекунанд.

“Дар комиссариати ҳарбӣ комиссияи тиббӣ ташкил карданд ва моро аз комиссия гузарониданд. Маро ба хизмати ҳарбӣ муносиб дониста ба Балашиха, ба нуқтаи ҷамъшавии сарбозоне, ки тибқи шартнома хизмат мекунанд, бурданд. Ҳамон бегоҳ эълон карданд, ки ҳамаамон бояд ба шарномаи яксола имзо гузошта, ба таври ихтиёрӣ ба хизмат равем. Интихоб аз худи мост: хизмат ё зиндон!”-ҳодисаро шарҳ дода, навиштааст ин финалисти барномаи “Перепой звезду”.

Ба навиштаи “Медуза” бо шахсоне, ки аз хизмат кардан ба таври шартномавӣ саркашӣ кардаанд, як полковник вохӯрда, хабар додааст, ки онҳо барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ фиристода мешаванд.

Хабари боздошти намозгузоронро аз назди масҷиди Котелники телеграм канали “"Мобилизация I Новости" низ нашр намуда, навиштааст, ки ҳуҷҷатҳои тамоми боздоштшудагонро аз дасташон гирифта, барои аз комиссияи тиббӣ гузаронидан бурданд ва ҳатто адвокатҳоро ба наздашон роҳ надода, маҷбур кардаанд, ки бо Вазорати мудофиаи Россия шартнома баста ба хизмат раванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД