вахдати милли
Шиносоии Аҳмадзода бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ
25.06.2026
Oila.tj
114

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сафар роҳбари вилоят аз мавзеъҳои зарардида дар ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Ёрӣ ва Амондара, аз ҷумла деҳаи Роҷ боздид намудааст.

Тибқи иттилои масъулин, бар асари боришоти шадид ва омадани сел дар рӯзи 19-уми июни соли равон 3 пули мошингузар пурра вайрон шуда, беш аз 1 километр роҳ, зиёда аз 30 манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 30 гектар замини кишоварзӣ зери лою рег монда, ба як қатор инфрасохтори деҳаҳо низ зарар расидааст.

Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Шинг канали Марғедар, ки заминҳои кишоварзиро обёрӣ мекунад, осеби ҷиддӣ дидааст. Қариб 7 километр маҷрои он бо селоба пур шуда, корҳои тозакунӣ ва барқарорсозӣ бо истифода аз техникаи муҳандисӣ идома дорад.

Раиси вилоят ба масъулин дастур додааст, ки бо ҷалби техника ва нерӯи корӣ ҳарчи зудтар канали осебдидаро аз лою сел тоза намуда, таъминоти обёрии заминҳои кишоварзиро пурра барқарор намоянд.

Дар анҷоми сафари корӣ ба оилаҳои осебдида кумакҳои молиявии яквақтаина супорида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД