вахдати милли
Шоир намемирад: андешаҳо назди нимпайкараи Шота Руставелӣ
22

Умри шоирону нависандагони бузург аз марзи замону макон фаротар меравад. Онҳо ҷисман аз миёни мо мераванд, аммо бо осори ҷовидонаашон дар қалби наслҳо зиндагӣ мекунанд. Барои мисол, номи Шота Руставелӣ - шоири бузурги гурҷии асрҳои XI-XII ва муаллифи шоҳасари безаволи «Палангинапӯш» то имрӯз бо шукӯҳу шаҳомат садо медиҳад.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе ба ифтихори дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди фарҳангии халқҳо нимпайкараи Шота Руставелӣ дар кӯчаи Пушкин қомат афрохт. Ин ду чеҳраи бузурги адабиёти ҷаҳон - Руставелӣ ва Пушкин имрӯз гӯё аз ду сӯйи як кӯчаи фарҳанг ба ҳам менигаранд ва аз арзишҳои абадии сухан, хирад ва инсонгароӣ қисса мекунанд.

Ҳар рӯз садҳо нафар аз назди ин нимпайкара мегузаранд. Яке бетаваҷҷуҳ роҳашро идома медиҳад, дигаре лаҳзае меистаду ба чеҳраи мутафаккир менигарад. Касе дасти фарзандашро гирифта, назди нимпайкара қарор мегирад ва аз зиндагиву осори ин шоири номдор ба ӯ нақл мекунад. Маҳз ҳамин лаҳзаҳо тухми муҳаббат ба китоб, адабиёт ва фарҳангро дар дили кӯдакон мекоранд.

Хуб аст, ки дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе пайкараҳои фарзандони барҷастаи адаб ва афкори халқҳои гуногун қомат меафрозанд. Ин на танҳо рамзи эҳтиром ба фарҳанги дигар миллатҳо, балки мактаби зиндаи маърифат барои насли ҷавон низ мебошад. Зеро шинохти фарҳанги дигарон инсонро таҳаммулпазиртар, донишмандтар ва ба арзишҳои умумибашарӣ наздиктар месозад.

Ман аз солҳои мактабхонӣ бо «Палангинапӯш»-и Шота Руставелӣ ошно ҳастам. Ин ҳамосаи бузурги қаҳрамонии мардуми гурҷӣ танҳо достони паҳлавонону ошиқон нест, он суруди ҷовидонаи дӯстӣ, вафодорӣ, шараф ва ҷавонмардист. Дар саҳифаҳои ин асар рӯҳи озодихоҳии инсон, садоқат ба аҳд ва пирӯзии некиву адолат таҷассум ёфтааст.

Беҳуда нест, ки «Палангинапӯш»-ро яке аз дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон меноманд. Ин асар садсолаҳо боз марзҳоро убур карда, дилҳои хонандагонро ба ҳам мепайвандад. Ва имрӯз, вақте ба нимпайкараи Шота Руставелӣ дар Душанбе менигарем, эҳсос мекунем, ки сухани бузург ҳаргиз намемирад. То замоне, ки китоб хонда мешавад ва хотираи фарҳангӣ зинда аст, шоир низ зинда мемонад.

Абдураҳмон РАҲМОНОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД