Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода шоири шинохтаи тоҷик Гулноз Тоҳириёнро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Гулноз Тоҳириён бо унвони баланди «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардонида шудааст. Ин унвони ифтихорӣ дар доираи саммити байналмилалие, ки дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардид, ба шоири тоҷик эҳдо шуд. Дар ҳамоиши мазкур наздики 100 нафар намояндагони адабу фарҳанги 37 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Гулноз Тоҳириёнро бо ин дастоварди шоиста самимона табрик гуфта, таъкид намудааст, ки чунин муваффақиятҳо нишонаи эътирофи ҷаҳонии фарҳангу адаби тоҷик буда, саҳми шоистаи эҷодкоронро дар муаррифии миллат ва забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Гулноз Тоҳириён аз шоирони маъруфи кишвар буда, муаллифи китобҳои "Ашки ширин", "Аз нигоҳ то шеър", "Парвози дунё", "Шаб дар паси ман буд", "Пероҳане дар бод", "Чатри наҷоти садо", "Парандаҳои махмалӣ" ва ғайраҳо мебошад.