arzon replenishment
Шӯҳрат Сайнаков зодрӯзашро бо кӣ ҷашн мегирад?
3087


Имрӯз ҳунарманди хушсадо ва шӯҳратёри тоҷик Шӯҳрат Сайнаков ҷашни мавлуд дорад. Ин ҷавонмарди сар то по ҳунар 17-уми сентябри соли 1974 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Шӯҳрат аз овони хурдӣ ба футбол шавқу рағбати беандоза дошт, вале баъдан меҳри санъат дар дилаш аланга зад. Бори аввал ҳангоми дар синфи 7 хонданаш аккардионро ба даст гирифт ва бо ҳамин дигар аз пайроҳаи ҳунар қафо нагашт.


Инак, қариб 30-сол мешавад, ки ӯ дар ин ҷода устуворона гом зада, бо таронаҳои пуршӯри ошиқонаву орифонааш дили ошиқони савту наворо ба шӯр меорад.
Қатори дигар мухлисонаш мо низ ба Шӯҳрат Сайнаков занг задем, то ки марди ҳунарро бо ҷашни милод муборакбод бигӯем!

-Акои Шӯҳрат милод муборак!

-Ташаккур. Миннатдорам, ки бандаро фаромӯш накардед.

-Ин субҳ кӣ аввалин шуда шуморо табрик кард?

-Ростӣ телефонам хомӯш буд, вақте фаъолаш кардам, дидам, ки бисёр смсҳо омадааст. Дар шабакаи фейсбук низ бисёриҳо маро табрик кардаанд. Аз ҳамаи касоне, ки рӯзи хурсандиям шодишарики банда гаштаанд, миннатдорам.

-Зодрӯзро дар хона ҷашн мегиред ё дар ҷойи кор?

-Айни ҳол муайян нест, аммо мехоҳам чун пешин бо аҳли оила, бо апа, додар ва хоҳарам дар фазои ором ва осуда зодрӯзамро ҷашн бигирам.

https://oila.tj/news/noziya-chi-tavr-dar-induston-mashur-shud

-Имсол беҳтарин дастовардатон чи буд?

-Ҳар рӯзи ман муваффақият аст, ҳар рӯз ман дастоварде дорам. Беҳтарин дастовард барои як ҳунарманд дар дили мардум маъво гирифтани таронаҳои ӯст. Хушбахтам, ки сурудҳои ман аз ҷониби мухлисон хуб пазируфта шуданд.

-Вақте аз қуллаи 47-солагӣ ба оқиб, ба гузашта менигаред, аз чӣ афсӯс мехӯред?

-Ман дар давраҳои наврасӣ бачаи фаъол набудам ва афсӯс мехӯрам, ки барои чӣ фаъолиятамро аз ҳамон вақтҳо оғоз накардам.

-Ба мухлисонатон чи паёме доред?

-Ба кулли мухлисонам гуфтаниям, ки ман доим дар фикри онҳо ҳастам ва тамоми саъю кӯшишам барои ризоияти мухлисонам аст. Мухлисонамро бисёр дӯст медорам ва шодам, ки дар хитзмати онҳо ҳастам.
-Бори дигар солгарди мавлудитон муборак бод! Таманно дорем, ки ҳамеша дар қуллаи ҳунар чунин пирӯзу саодтаманд бимонед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД