Системаи биометрӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии давлатии Русия тақрибан 70 ҳазор муҳоҷиреро муайян кардааст, ки вурудашон ба кишвар манъ мебошад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути гузаргоҳҳои муҷаҳҳаз тақрибан 14 миллион шаҳрванди хориҷӣ аз сарҳади Русия убур кардаанд.
Ин озмоиш аз 1-уми декабри соли 2024 дар фурудгоҳҳои байналмилалии Шереметево, Домодедово ва Жуковскийи шаҳри Москва, инчунин гузаргоҳи автомобилии Маштаковои вилояти Оренбург оғоз шудааст. Аз 1-уми майи соли 2025 фурудгоҳи байналмилалии Внуково низ ба ин лоиҳа ҳамроҳ гардид.
Дар ин нуқтаҳо низоми биометрие истифода мешавад, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Москва таҳия шудааст. Он имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми гузаштани назорати сарҳадӣ тавассути акс ва изи ангуштон муайян карда шаванд.
11 гузаргоҳи сарҳадӣ дар Санкт-Петербург, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург, инчунин дар кишвари Олтой ва вилоятҳои Иркутск, Курганск, Новосибирск, Саратов, Оренбург ва Омск бо чунин низомҳо муҷаҳҳаз шудаанд.
Система на танҳо барои ҷамъоварии маълумоти биометрӣ истифода мешавад, балки ҳамчунин шахсонеро муайян мекунад, ки пас аз гирифтани манъи вуруд ба Русия маълумоти шиносномавии худро тағйир дода, барои убури дубораи сарҳад кӯшиш мекунанд.