formula
СИТОРАБАЗМ ДАР КОХИ СУРУШ
2452

 

Шоми 10-уми март дар толори Кохи Суруш дуюмин маросими ҷоизасупории Hamsado Music AWARDS баргузор гашт.

Ташкилкунандаи барнома, роҳбари радиои “Ҳамсадо” Фаридун Хайруллозода ҳамроҳи Ҷамиля Назарова бо табъи болида меҳмонон, рӯзноманигорон ва сарояндагонро истиқбол гирифта,хайрамақсад гуфтанд. Чорабинӣ бо дуети гӯшнавози ду сарояндаи ҷавон ва хушсадои тоҷик-Хуҷастаи Мирзовалӣ ва Хаём Хаёлбеков оғоз ёфт.

Дар маросими ҷоизасупории Hamsado Music AWARDS ҳамчунин Мадина Ақназарова, Нишонаи Рустам, Зайнура Пӯлодова, Зафар Абдуалимов, Шабнами Собирӣ, Чоршанбе Аловатов, Сафармуҳаммад ва ситораҳои эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева, Фарзонаи Хуршед, Фаридуни Хуршед, Суруш Холов, ширкат варзида, бо таронаҳои марғуби ошиқонаашон хотири меҳмононро шод гардониданд ва соҳиби ҷоизаи Hamsado Music AWARDS гаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД