Arzon march 2024
Ситораҳои тоҷик бо чӣ мақсад ба Дубай парвоз карданд?
4278

Субҳи имрӯз як гурӯҳ ситораҳои эстрадаи кишвар аз қабили Хайриддини Шариф, Фотима Машрабова, Зайнура Пӯлодова, Қурбон Алиев, Суруш Холов ва ровии шинохта Сабринаи Назрӣ ба шаҳри Дубай парвоз карданд.

Мақсади сафари онҳоро як нафар дӯсташон бидуни овардани ному насабаш қайд кард, ки ин ҳунармандон кисаҳояшон пур шавад, дар куҷо сарф карданашонро намедонанд. Давр даври онҳо. Дар ин замона Худованд ба сарояндаҳо додааст. Пули ёфтаашонро давлат ба давлт гаштану кайфу сафо кардан ёфтаанд. Ба шаҳри Дубай рафтанашон низ нишони серпулияшон аст. Онҳо ба Дубай на танҳо барои тамошо балки дар ин биҳишти рӯи дунё клипҳояшонро сапт кардан рафтагистанд.
Ин сафари ситораҳоро Сабринаи Назрӣ сафари аввалини гурӯҳӣ меномад ва дар шабакаи Инстаграми  худ хабар додаст, ки сафари Дубай гуруҳӣ сурат мегирад ва онҳо бо навгониҳои зиёд баъди як моҳ пас ба ватан бармегарданд.


Суҳбати омузанда бо Домулло Хомушӣ атрофи мавзуъи ботекс, татуаж ва қошу миҷгонҳои сунъӣ, ки имруз дар байни мардуми мо ба қавле муд шудааст , метавонед аз ссылкаи зер тамошо намоед ва фикру назари хешро бинавсед!


Ситораи Кароматулло сарояндаи машҳури кишвар ба хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ гуфт, ки маро низ дар рӯихати гуруҳӣ шомил карда буданд. Бинобар сабаби тифли хурдсол доштанам рад кардам ва худо хоҳад духтарчаам Моҳрӯ калонак шавад, на танҳо ба Дубай, балки саросари дунёро давр хоҳам зад.

Дӯстмурод Шарипов аз ин сафар бехабар монда мегӯяд. "Ба ман дертар хабар доданд, вагарна ҳамроҳи Рӯзибеку Хайриддин ман низ ба Дубай мерафтам. Онҳо барои пинҳони бехату хбар рафтанашон ҷавоб хоҳанд гуфт"!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
👑👑 2019-11-19, 17:25
Товбааа.. Ба шумо чи ки кучо меравад?! Аз пули шумо нараван. Шмода чи? Ами мапдуми мо ика бахелан Худо накунад як кас як чо равад! 🤦‍♀️🤦‍♀️🤦‍♀️
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
👑👑 2019-11-19, 17:25
Товбааа.. Ба шумо чи ки кучо меравад?! Аз пули шумо нараван. Шмода чи? Ами мапдуми мо ика бахелан Худо накунад як кас як чо равад! 🤦‍♀️🤦‍♀️🤦‍♀️
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД