Commerce bank may-june 2026
Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Обид Ҷебов аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шудаанд
55

Паҳлавонони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов ва боз 4 варзишгари дигар барои ширкат наварзидан дар машқу тамринҳо ҷазо гирифтаанд.

Тавре расонаҳо дар такя ба манобеи худ навиштаанд, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин варзишгарони номдорро дар беҳурматӣ нисбат ба аъзои дигари даста ва эътироф накардани нақшаи расмии тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон гунаҳкор намуда, барои ҳозир нашудан ба машқу тамринҳо ҷазои интизомӣ додааст. Бар асоси ин қарор Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов ва 4 варзишгари дигар ба муҳлати 4 моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар бозиҳо маҳрум гаштаанд.

Федератсияи ҷудои кишвар дар як баёния гуфтааст, ки онҳоро чанд дафъа барои иштирок дар машқҳои дастҷамъӣ даъват намуд, аммо акси садое нагирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД