formula
Суҳбати ошкоро оид ба ВНМО/БПНМ
2112

Гуфтугӯи ошкоро дар бораи Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО ё худ ВИЧ) ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ ё худ СПИД)

Суҳбати ошкоро оид ба ВНМО/БПНМ

ВНМО аз БПНМ чӣ фарқ дорад? Оё ВНМО ҳангоми дастфишорӣ, оғӯшгирӣ, бӯсакунӣ аз шахси сироятёфта ба шахси солим мегузарад? Агар нафаре гирифтори ВНМО бошад, пас ӯ нашъаманд аст? Аксарияти одамон ба саволҳои зерин ва боз ба дигар саволҳои ба ин монанд посух мељӯянд, вале аз пурсидан шарм медоранд. Ҳол он ки ҳар яки мо бояд оид ба ин саволҳо, алалхусус роҳҳои интиқоли сирояти ВНМО маълумоти кофӣ дошта бошем ва ҳаёти худу наздиконамонро аз хатари сироятёбӣ эъмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, ҳафтаномаи «Оила» тасмим гирифтааст, ки дар шумораҳои навбатӣ, ба саволҳои зерин оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирии ВНМО/БПНМ маълумоти мухтасарро пешкаши Шумо гардонад.

Сирояти ВНМО аз БПНМ чӣ фарқ дорад?

Имрӯз аксарияти мо сирояти ВНМО ва БПНМ-ро аз якдигар фарқ карда наметавонем. Бо гумони он, ки ВНМО ва БПНМ ҳар ду як беморӣ аст, қисми зиёди беморон ва наздикони онҳо ба ғалату нофаҳмиҳо роҳ медиҳанд. Инак, фарқи сирояти ВНМО аз БПНМ дар чӣ аст ва он ба саломатӣ чӣ гуна хатар дорад?

ВНМО, ин сабаби пайдоишаш вируси норасоии бадан маҳсуб меёбад. Баъд аз сироятёбӣ, ВНМО масуниятро паст карда, қобилиятҳои муқобилият кардани организмро бар зидди дигар бемориҳои сироятӣ маҳдуд месозад. Марҳилаи охирини сироятёбӣ бо ВНМО, ки ба паст шудани масунияти организм ва гирифтор шудани шахси сироятшуда ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад, БПНМ номида мешавад.

ВНМО ва БПНМ ба саломатии
инсон чӣ хатар доранд?

ВНМО ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. ВНМО масунияти баданро паст карда, имконияти бо дигар бемориҳои сироятӣ мубориза бурданашро маҳв месозад. Бо бемориҳое, ки организми солим мубориза бурда метавонад, шахси бемор зиддият нишон дода наметавонад.
Чунон, ки қайд кардем, БПНМ- ин давраи ниҳоии сирояти ВНМО буда, ҳангоми паст шудани масунияти бадан пайдо мешавад. Ҳангоми гирифторшавӣ ба БПНМ масуният ба андозае паст мешавад, ки ҳама гуна бемориҳои пайдошуда оқибатҳои нохушро ба бор меоранд.
Давраи бенишонагии сирояти ВНМО аз вакти сироятёби то 10 солро бар мегирад. Дар ин муддат вирус ва микробҳо ба узвҳои ҳаётан муҳим, аз қабили узвҳои ҳаракаткунанда, узвҳои нафас, узвҳои ҳозима, маѓзи сар осеб мерасонанд.
Барои он ки сирояти ВНМО ба БПНМ мубаддал нагардад, нафарони сироятёфтаро лозим аст, ки ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намуда, аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода баранд, ба монанди ба назорати диспансерӣ ва табобат фаро гирифтан. Дар сурати табобати дуруст ва саривақтӣ, ин бемориҳо ба атрофиён хатарнок буда наметавонанд.

Дар шумораҳои минбаъдаи ҳафтаномаи «Оила» ба саволҳои зерини худ посух ёфта метавонед:
Оё ВНМО аз шахси сироятёфта ба шахси солим бо дастфишорӣ, оғӯшгирӣ, бӯсакунӣ мегузарад?
Роҳҳои сиротяёбӣ бо ВНМО кадомҳоянд?
Оё танҳо нашъамандон ё занони расонандагони хизматҳои шаҳвонӣ гирифтори ВНМО мешаванд?
Агар баъд аз гузаштани ташхиси ВНМО, натиҷаи тест мусбӣ бошаду сирояти ВНМО маълум шавад, чӣ бояд кард?
Оё аз модари гирифтори ВНМО метавон тифли солим ба дунё ояд?
Аз сирояти ВНМО пурра шифо ёфтан мумкин аст?
Шахсони гирифтори сирояти ВНМО чӣ гуна умр ба сар мебаранд?

Агар Шумо ба ин дард дучор гардида бошед, метавонед ба марказҳои пешгирӣ
ва мубориза бар зидди
ВНМО/БПНМ муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД