arzon replenishment
Табобати дарди сар бо чойҳои алафӣ
16.02.2022
Оила
1745

Салом! Фариза ҳастам, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ. Дар замони муосир дарс додан дар мактаб басо душвораст, зеро сол то сол бачаҳо шӯхтар шуда истодаанд ва ҷони муаллимонро ба лабашон меоранд. Намедонам аз асабонияти зиёд бошад ё бо ягон сабаби дигар, ки вақтҳои охир сарам тез-тез ба дард медарояд. Аз серкорӣ наметавонам ба беморхона рафта, аз ташхисгузарам. Шумо ба ман барин шахсоне, ки аз дарди сар азият мекашанд чи тавсия медиҳед?

Фариза, н. Рӯдакӣ

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Барои посух гирифтан ба ин саволи хонандаамон мо ба табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ муроҷиат намудем. Ин табиби машҳур чунин ҷавоб доданд:
-Одатан сардард бар асари фишори баланд ё баръакс пасти хун, асабоният, сармохӯрӣ, вайроншавии ғизо дар меъда, варамҳои гуногуни мағзи сар ва пардаи он, мигрен, фишори дохили сар, атеросклероз, камхунӣ ва саратони хун ба вуҷуд меояд, бинобар ин, пеш аз ҳама ташхис гузаронида, сабаби бемориро муайян кардан лозим аст. Гоҳо чунин ҳам мешавад, ки сабаби дарди сар маълум нест. Дар чунин мавридҳо чанд гиёҳи оддӣ метавонад ба дарди бемор даво бахшанд. Ман истифодаи чанд намуд гиёҳчой ва давоҳои алафиро ба шумо тавсия медиҳам, ки дарди сарро ба зудӣ раъф месозанд.
Нусхаи аввал
Як қошуқи ошхӯрӣ пудинаи боғиро дар чойник андохта, аз болояш 250 грамм оби ҷӯшомада резед ва монед ним соат истад, сипас соф карда, дар давоми рӯз кам-кам аз он бинӯшед. Пудинаи боғӣ сардарди номаълум ва дарди сари бар асари ташаннуҷи мӯйрагҳо ба вуҷуд омадаронест мекунад.

Нусхаи дигар
Як қошуқӣ гиёҳҳои бобуна ва пудинаро дар ним литр оби ҷӯш дам карда,нисфашро бегоҳ пеш аз хобва ними дигарашро субҳгоҳон бинӯшед, дарди сар шуморо азият намедиҳад.

Нусхаи сеюм
Дардисар дар натиҷаи чалақидани он (сотресение) ба вуҷуд омада бошад, давояш истеъмоли гарди гул (перга) аст. Миқдори перга барои калонсолон як қошуқчагӣ 3 маротиба, барои кӯдаконбошад, ним қошуқчагӣ се бор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД