Ману шавҳарам 10 сол боз оиладорем, вале фарзанд надорем. Мехоҳем кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунем. Барои ин мо бояд ба куҷо муроҷиат намоем ва кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карданамон лозим аст?
САМИРА
Посух:
- Пеш аз ҳама шумо бояд бидонед, ки ба фарзандӣ қабул кардан, яъне фарзандхондӣ - ин васоят ё парасторӣ нест. Ҳангоми фарзандхондӣ кӯдак аз рӯйи қонун фарзанди аслию пайвандии шумо мегардад ва тамоми ҳуқуқҳо, аз ҷумла ҳуқуқи меросбариро пайдо мекунад.
Дар Тоҷикистон ба фарзандӣ қабул кардан танҳо тавассути суд амалӣ карда мешавад. Аризаро барои ба фарзандӣ қабул кардани кӯдак ба суди ҷойи истиқомати кӯдак ё шахсоне, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул карданиянд, пешниҳод кардан лозим аст.
То оғози мурофиаи судӣ мақоми васоияту парасторӣ шароити манзил, даромад, вазъи саломатии шумо ва доғи судӣ надоштанатонро санҷида, ба суд хулосаи худро пешниҳод менамояд.
Парвандаро дар суд тариқи мурофиаи пӯшида бо иштироки ҳатмии мақоми васоияту парасторӣ ва прокурор дида мебароянд.
Дар сурати мусбат ҳал шудани масъала ҳуқуқу уҳдадориҳо аз лаҳзаи ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд оғоз меёбанд.
Фарзандхондӣ дар мақомоти САҲШ (ЗАГС) ба қайд гирифта мешавад.
Мувофиқи моддаи 127-и Кодекси оилаи ҶТ шахсони зерин ҳуқуқи ба фарзандӣ қабул кардани кӯдакро надоранд:
- Шахсоне, ки ҷойи истиқомати доимӣ надоранд;
- Шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти барқасдона доғи судӣ доранд;
- Шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд;
- Шахсоне, ки бемориҳои муайяни манъшуда доранд.
Рӯйхати мушаххаси ҳуҷҷатҳо ба он вобастагӣ дорад, ки шумо кӯдаки ягон хешовандатонро ба фарзандӣ мегиред (кӯдаки ҳамсаратонро ё кӯдаки бегонаеро, ки аллакай таҳти васоят қарор дорад). Рӯйхати дақиқи ҳуҷҷатҳоро аз мақоми васояту парастории ҷойи истиқомати кӯдак гирифта метавонед.