formula
ТАЪСИРИ НИЗОИ МАРЗӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ТОҶИКОНИ ҚИРҒИЗИСТОН
3291

 

Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон аз соли 2021 ба ин тараф натавонистааст, ки ба Тоҷикистон донишҷӯ фиристад. Ин дар ҳолест, ки то баста шудани марзҳо ҳамасола ин ҷамъият то 70 донишҷӯро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон равон мекард. Роҳбарони ҷамъяти мазкур умедворанд, баҳси марзӣ байни ду кишвар ҳал ва робитаҳо дубора одӣ шаванд.

Қодиршои Мурувват, муовини раиси созмони мазкур мегӯяд, дар пайи талошҳои фаъолони созмони тоҷикон ва масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар айёми даргириҳо ба тоҷикҳои муқими ин кишвар ҳеҷ осебе нарасид.

“Албатта, нигаронӣ ва тарс вуҷуд дошт, аммо дар маҷмуъ тоҷикҳо осеб надиданд ва мо тавонистем ин марҳалаи мушкилро паси сар кунем. Дар ҳоли ҳозир тоҷикҳо дар фазои ором зиндагӣ доранд”, - гуфт ӯ.

Баҳори соли 2021 ва тирамоҳи соли 2022 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон низои мусаллаҳона сар зад. Аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва чандин тани дигар маҷруҳ шуданд. Ҳамчунин, даҳҳо манзилу дигар иншоот вайрон гардиданд.

Қодиршои Мурувват гуфт, тоҷикони Қирғизистон ташнаи шеъру сухан ва суруди таронаҳои тоҷикӣ ҳастанд ва хеле дӯст медоранд, ки бо шоирону адибону ҳунармандони тоҷик мулоқот кунанд.

“Ин нуктаро ҳам сокинони Андарақ, ҳам сокинони Ҳайдаркон ва ҳам сокинони деҳаи Учқурғон ҳамеша таъкид мекунанд. Сафаре, ки як гурӯҳ адибони тоҷик, аз ҷумла Абдулҳамид Самадов бо Гулназар Келдӣ дар соли 1990 ба Ботканд доштанд, то ҳанӯз дар хотираҳои мардум боқӣ мондааст. Чанд сол пеш вақте ки мо 80-умин солгарди Шарифҷони Учқурғонӣ, шоири номдори тоҷикзабони Қирғизистонро таҷлил мекардем, боз Абдулҳамид Самадов ҳамроҳи як гурӯҳ адибон дар ин ҷашн ҳузур доштанд, аммо баъди баста шудани марзҳо ин гуфтугӯҳо боз чун орзу боқӣ монданд”, - гуфт ӯ.

Ӯ ба ёд овард, ки бори охир солҳои 2015-2016 Рӯзҳои фарҳанги ду кишвар дар мамлакати ҳамдигар баргузор гардида буданд ва тоҷикони Қирғизистон тавонистанд таронаҳои тоҷикӣ шунаванд.

“Мо ниёз дорем, ки гурӯҳҳои ҳунарии тоҷикӣ зуд-зуд ба ин ҷо биёянд ва бо мардум мулоқот кунанд ва дар рӯҳия ва бедории ифтихороти тоҷикон кӯмак расонанд. Таҳсили тоҷикони Қирғизистон дар Душанбеву Хуҷанд дигарбора роҳандозӣ шавад ва мо тавонем чун пешин тоҷиконро бо бурсияҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳсил фиристем”, - гуфт ӯ.

Масъулини созмон дар мавриди ҳамкориашон бо Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гуфт, сафорат ҳамеша дар канорашон қарор дорад ва ҳамаи барномаву нақшаҳои созмони тоҷиконро дастгирӣ мекунад.

“Чанд барномаи муштараке, ки бо Сафорат анҷом додем, дар сатҳи хеле олӣ анҷом гирифтанд. Сафорати Тоҷикистон ва сафири муҳтарам ҳамеша дар барномаҳои мо дар канорамон ҳастанд ва кӯмаку ёрии худро аз мо дареғ намедоранд”, - гуфт Қодиршои Мурувват.

Бояд гуфт, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ бо ибтикори як гурӯҳ тоҷикони муқими Қирғизистон 13-уми ноябри соли 1992 дар деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд таъсис ёфтааст. Аввалин раиси созмон академик Абдуҳалим Раҳимҷонов, раиси Маркази бемориҳои хуни Вазорати тандурустии Қирғизистон буд, ки тайи 15 сол онро сарпарастӣ кард. Нашрияи тоҷикии «Паёми Ала Тоо» минбари тоҷикони ин кишвар буда, аввалин шумораи он моҳи сентябри соли 2008 рӯи чопро дид ва то имрӯз мунтазам нашр мешавад.

Дар таърихи 17-уми сентябри соли 2007 дар Бишкек мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони созмони тоҷикон баргузор гардид. Пас аз ин мулоқоти таърихӣ аъзои созмон бо кӯмаку ҳамдастии Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек беш аз 250 хатмкунандаи синфҳои тоҷикии Қирғизистонро ба донишгоҳҳои мӯътабари Душанбе ва Хуҷанд фиристоданд.

“Ҷойи хушҳолӣ аст, ки дар канори дафтари марказии созмони тоҷикон дар Бишкек боз дар ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон шӯъба ва намояндагиҳои фарҳангии созмон таъсис дода шуда, фаъолият доранд. Дар шаҳрҳои Ҷалолобод, Ӯш, деҳаи Правдаи ноҳияи Каросу, деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, шаҳраки Ҳайдаркон, деҳаҳои Андарақ ва Коргони ноҳияи Лайлак ҳамзабононамон фаъолона кор мекунанд ва маҳфилу ҷашнҳои тоҷикӣ доир менамоянд”, - гуфт муовини раиси созмон.

Бо ташаббуси созмон ва маблағгузории раиси он Равшанбек Собиров, то кунун беш аз 15 номгӯй китоб оид ба таърихи тоҷикон ва дӯстии мардуми қирғизу тоҷик ба нашр расидааст, ки «Таджики Кыргызстана» («Тоҷикони Қирғизистон») ва «Свет дружбы» («Чароғи дӯстӣ») барои омӯзиши рӯзгори тоҷикони ин сарзамин боаҳаммият мебошанд. Дар соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа бо ибтикори фаъолони Созмони тоҷикон дар Бишкек китоби ин шахсияти бузурги маънавӣ ва мазҳабӣ бо номи «Китоб ал-Муснад» ба забони қирғизӣ нашр гардид.

“Дар Қирғизистон аз соли 1993 ба ин тараф созмони бонуфузи ҷамъиятӣ амал мекунад, ки Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон ном дошта ва фаъолияти 35 ниҳоди милливу фарҳангиро сарпарастӣ мекунад. Созмони мо низ шомили ҳамин ниҳод буда, бо ҳамаи ташкилотҳои мавҷуд ҳамкории наздикро барқарор кардаем. Ҳамзамон, бо Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё - «Пайванд» ҳамкории амиқ дорем”, - гуфт ӯ.

Қодиршои Мурувват мегӯяд, шод аст, ки комиссияҳои ҳарду кишвар сари муайян кардани хатти марз фаъолона кор мекунанд. Вай умед дорад, ки дигарбора адибону ҳунармандонро дар бинои созмон ҷамъ оварда, барои тоҷикони Қирғизистон шеъру таронҳои тоҷикӣ пешниҳод мекунанд.

Бояд гуфт, ки феълан дар ин кишвари ҳамсо бештар аз 50 000 тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Аз ин теъдод бештари онҳо узви созмони мазкуранд. Равшанбек Собиров, раиси созмон, дар фазо ва муҳити Ҷумҳурии Қирғизистон соҳибмақом ва нафари шинохташуда аст. Ӯ дар гузашта вазири рушди иҷтимоӣ, муовини сарвазир, мушовири президент ва депутати парлумон ин кишвар буд.

Собиров 18 феврали соли 1970 дар ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст.

Аз идора: Мо талош кардем тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ назари Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистонро дар мавриди ҳамкориашон бо ин ниҳоди иҷтимоӣ пурсон шавем, вале то лаҳзаи нашри мавод ВКХ ба дархости мо посух надодааст. Дар ҳоли дастрас шудани назари ҷонибҳо онро ҳатман нашр мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД