shoh palace
Тифли ҳаромӣ ва рӯзи сиёҳи Мадина (Қисми 2)
3570

Ба даҳшат афтида, гиря кардам, ба сару рӯйи Фаррух бо мушт зада дод гуфтам, ки барои чӣ ин корро кардӣ, акнун ман ба падару модарам чӣ ҷавоб медиҳам...


Вай то метавонист маро ором намуда, қасам болои қасам мехӯрд, ки волидонашро ба хонаамон хостгорӣ мефиристад ва маро бо тӯю тамошо ба занӣ гирифта, то охири умр рӯйи даст бардошта мегардад. Ба қавлу қасамаш бовар карда, гиряро бас кардам ва тавалло намудам, ки маро дар байни хешу табор шарманда накарда, тӯйро тезонад, вале...
Нахли гуноҳ
Фаррух имрӯзу пагоҳ гуфта хостгориро ҳамеша бо ягон баҳона қафо мепартофт, қасд кардагӣ барин, мани сарсахт бо ҳамон як маротиба наздикӣ ҳомиладор шуда, намедонистам сарамро ба куҷо занам. Фаррух сахт ба таҳлука афтоданамро дида маро ба назди духтур бурд, аммо табиб “фарзанди якумро исқоти ҳамл кардан мумкин нест, чунки духтар як умр безурриёт шуда метавонад” гӯён, бар ивази пули калон низ ин корро накард.
Маро ҳисси даҳшат фаро гирифта буд ва намедонистам чи кор кунам. Чанд маротиба қасди худкушӣ намудам, вале аҷалам нарасида будаасту ҳар бор бо ягон сабаб аз аҷал дар амон мемондам...

Зани Фаррух ба сарам омаду...
Ҳафтаҳову моҳҳо аз байн гузаштанд, аммо аз хостгорони Фаррух ҳанӯз дарак набуд. Мани сода бо ин ҳама макри фиреб ҳанӯз ба ошиқам боварӣ доштам ва умедвор будам, ки Фаррух мушкилиҳои ҳаёташро ҳал карда, баъд бо тӯю тамошо маро ба занӣ мегирад, аммо хаёлам хом баромад. Як рӯз дар дарс будам, ки маро ба берун даъват карданд. Дар пушти дар ду зан маро интизор буданд. Баробари баромаданам яке аз онҳо омирона пурсид:
-Мадина худутӣ?
-Бале, ман Мадина. Шумо кистед?-Пурсидам бо табассум.
Ба ҷойи ба саволам ҷавоб додан яке аз он занҳо ба мисли даррандаи ваҳшӣ чанг зада аз банди кокулонам дошт ва сару рӯямро муштборон карда бо тамоми овоз дод зад:
-Бевадухтари шавҳардузд, шӯйи мана аз роҳ бароварда аз худ кардан мехоҳию боз мепурсӣ, ки шумо кистед?! Ту дигар мардак наёфтӣ, ки ба Фаррух часпидӣ, падарлаънати беҳаё! Ман ду фарзанди гул барин зебо дорам, як не, даҳ бачаи ҳаромӣ зойи ҳам, Фаррух кӯдакони поку ҳалолашро партофта туро ба занӣ намегирад. Ту фақат барои айшу ишрат ба вай даркорӣ. Духтар нашуда мӯр, касофати шарманда...
Зан рӯю мӯйи маро харошида, гоҳ бо мушту гоҳ бо лагад ба сару рӯям мезад ва чунон гапҳои дағале мегуфт, ки забонам ба такрор кардани он суханони шармовар намегардад. Вай то метавонист маро зад, пучид ва аъзои баданамро сиёҳу кабуд карда, таъкид намуд, ки минбаъд аз шавҳари вай дур гардам, вагарна ин дафъа аниқ маро зада мекушад...
Оқипадар
Он рӯз гирёну нолон ба хона омада, қиссаи ишқи нангини Фаррухро бо чашмони пуроб ба модарам нақл кардам. Гумон доштам, ки падару модарам чун ҳамеша маро пуштибонӣ намуда, аз болои зани Фаррух аризаи шикоятӣ менависанд ва Фаррух ӯро талоқ дода, маро ба занӣ мегирад, вале гумонам ботил баромад. Модарам ду шаппотии обдор зада, маро хуб дуову бало кард, баъд ба назди падарам даромад. ҳамедонам онҳо байни худ чи гуфтанд, вале пас аз чанд лаҳза падарам бо чашмони торси хун аз ҳуҷраи хобаш баромад. Вай ягон чиз нагуфта маро ду лагад зад, баъд аз дастам кашолакунон аз дарвоза берун карду бо тамоми овоз дод зад:
--Падарлаънати касофат, кошкӣ ту ҳам қатори дигар фарзандонам дар кӯдакиат мемурдӣ, ки ин қадар азоб намекашидам. Магар бо ҳамин умед мо туро калон карда, ин қадар сол нури дидагонамон барин эҳтиёт кардем, ки оқибат сарамонро дар байни дӯсту душман паст намуда, шармандаи ду олам гардонӣ. Дафъ шав, дигар пою қадамаро ба ин остона намон. Аз худат ҳам безораму аз сағераи ҳаромиат ҳам. Худатро ба дарё мепартоӣ, мекушӣ, ба хонаи ҳамон ошиқат меравӣ, чи коре, ки мехоҳӣ кун ва ба куҷое, ки мехоҳӣ, бирав. Ту аз ҳамин рӯз эътиборан дигар на падар дорию на модар. Сад бор оқат кардам...
Ба пеши пойи падарам афтида зорию тавалло намудам, ки аз гуноҳам гузарад, аммо ӯ дигар маро ба хона роҳ надод. Маҷбур шудам, ки бо шиками дамидаю чашмони пуробу дили пурғам тарки деҳа намоям...
Бе муттако
Ҳамин тавр ман, духтари яккаву ягона ва эркаю азизи волидонам оқипадар шуда, сарсону саргардон ва овораи ду олам гаштам. Фарзандамро ба мили бесоҳибҳо дар дари мардум ба дунё овардам. Умед доштам, ки баъди ба дунё омадани писарчаам Фаррух ба суроғам омада, ҳеҷ набошад барои мо ягон иҷорахона меёбад, то ки дар кӯча намонем, аммо он номард думашро хода карда гурехт. Кофта-кофта тифли навзод дар бағал ба хонаашон рафтам, вале ӯро дар хона наёфтам. Падараш гуфт, ки Фаррух зану фарзандонашро гирифта ба Русия рафтааст ва маълум нест, ки бармегарданд ё не...
Дар Саховат талбандагӣ мекунам, аммо...
Мадина мегӯяд чанд муддат дар хонаи дугонаҳояш зиндагӣ кард, вале бо тифли кӯчак як умр дар дари мардум зиста намешавад. Акнун ин духтари фиребхӯрда дар назди бозори Саховат талбандагӣ мекунад, чунки ба ҷуз гадоӣ ягон илоҷи дигар надорад. Бо тифли навзод касе дар ягон корхона ӯро ба кор намегирад. Дили Мадина намешавад, ки кӯдакашро ба ятимхона супорад, зеро ягона тасаллои дилаш ҳамин тифли бегуноҳ аст, ки бо гуноҳи падари номард ва модари фиребхӯрдааш номи бисёри бади ҳаромиро гирифтааст.
Айни замон Мадина дар иҷорахонаҳои 10 сомона шабашро рӯз мекунаду ҳолаш чи мешавад, инро фақат худованд медонаду халос...
Р. Азимӣ
Р/С
Мо сарнавишти талхи Мадинаро ба он хотир рӯйи коғаз овардем, ки ба дигар духтарон дарси ибрат гардад ва номуси хешро эҳтиёт намоянд. Ба ишқи ҳар марди номард бовар накунед, зеро як хатои кӯчак метавонад ҳаёти занро ба дӯзах табдил диҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Субхон 2019-07-06, 22:07
мӯр-мур
Посух
Нушофарин Субхон 2019-09-05, 11:58
Шар нест гапи дагал навиштан, хамаи одамизот хатоги мекунад лекин бахшидан мумкин. Падару модараш санг дил будиян. Вай номард рузаша мебинад фарзанд дорад.
Посух
Самад Саидов 2019-07-13, 14:51
Бовар кунед хело дардовар як хато як умр инсонро аз хама хушихо дур мекунад.Ба Мадина сабр мехохам .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Субхон 2019-07-06, 22:07
мӯр-мур
Посух
Нушофарин Субхон 2019-09-05, 11:58
Шар нест гапи дагал навиштан, хамаи одамизот хатоги мекунад лекин бахшидан мумкин. Падару модараш санг дил будиян. Вай номард рузаша мебинад фарзанд дорад.
Посух
Самад Саидов 2019-07-13, 14:51
Бовар кунед хело дардовар як хато як умр инсонро аз хама хушихо дур мекунад.Ба Мадина сабр мехохам .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД