sebiston july new
Тифли гуноҳ
4671

 Хатои тақдирсӯзи донишҷӯдухтар 

Авзои Малоҳат торафт беҷо ва ранги рӯяш заҳир мешуд. Сараш чарх зада, дилаш тез-тез беҳузур мешуд. Дугонааш Гулбаҳор маслиҳат дод, ки як бор назди табиби занона равад ва ба нею нестони Малоҳат нигоҳ накарда, ӯро назди холааш, ки духтури гинеколог буд, бурд.

Ташхис нишон дод, ки Малоҳат аллакай панҷмоҳа ҳомиладор аст. Ин гапро шунида Малоҳат фарёди ҷонкоҳе баровард ва рӯяшро бо ҳарду дасташ пӯшонда зор-зор гиря кард. Гулбаҳор аз холааш илтиҷо намуд, ки тифли батни Малоҳатро исқоти ҳамл намуда, духтараки бечораро аз шармандагӣ наҷот диҳад, вале духтур рад карда, гуфт, ки кӯдак хеле калон аст ва гирифта партофтанаш метавонад боиси марги Малоҳат ё минбаъд як умр рӯйи фарзандро надиданаш гардад. Холаи Гулбаҳор ваъда дод, ки ба Малоҳат ёрӣ медиҳад, ки кӯдакашро пинҳон аз чашми мардум таваллуд кунад ва қасам хӯрд, ки ин сирро овозаю дарвоза намекунад.

Фарзандбезор

Чор моҳи дигар Малоҳат таҳти назорати ҳамин духтур буд, вале касе намедонист, ки вай ба назди духтури гинеколог рафтуомад мекунад. Духтари қоматбаланд, ки буд, калон шудани шикамашро ҳамсабақону устодонаш эҳсос намекарданд. Вай мудом шикамашро баста мегашт, то мабодо ҷумбидани тифли батнашро касе пай набарад, ғайр аз ин фасли зимистон буд ва кам касон ба сару сурати ҳамдигар эътибор медоданд. Ҳамин тавр моҳу рӯзи зоданаш низ фаро расид. Як нисфишабӣ аз дарди ҷонкоҳ бедор шуд. Аз шиддати дард на хам шуда метавонисту на рост. Эҳсос намуд, ки вақти таваллуд карданаш расидааст ва оҳиста дугонааш Гулбаҳорро аз хоб бедор кард. Хайрият, ки дар як ҳуҷра фақат ду нафар буданд, вагарна сирраш фош ва шармандаи ду олам мешуд. Гулбаҳор дарҳол ба холааш занг зад ва бо амри духтур таксиеро киро намуда, Малоҳатро ба таваллудхона бурд. Пас аз чанд соати дардкашӣ Малоҳат бо кӯмаки холаи Гулбаҳор, ки ҳамон шаб навбатдори таваллудхона будааст, писарчаи дустрӯяке таваллуд кард. Писарча бо вазни калон ба дунё омада, бисёр зебою ширинрӯяк буд. Момодоя кӯдаки сап-сафедакро лӯлакпеч карда ба модараш нишон дод, вале Малоҳат бо чашмони ашкбор рӯяшро ба дигар тараф гардонд, то фарзанди бе никоҳ ба дунё омадаашро набинад. Духтараки дар миёни обу оташ монда намехост рӯйи зебои кӯдакашро дида ба меваи маъсуми гуноҳаш дил бандад, зеро яқин медонист, ки агар бачаи ҳаромӣ зоиданаш овоза шавад, падараш пӯсти ӯро аз танаш ҷудо мекунад ё аз нангу номус худашро меовезад. Ягона роҳи наҷотро Малоҳат дар халос шудан аз тифли навзодаш медид. Ба насиҳати табибон гӯш надода вай аз баҳри фарзандаш гузашт ва тиллаки бечораро ақалан як маротиба ҳам ба оғӯш нагирифтаю шир надода аз баҳраш гузашт. Забонхати аз фарзандаш даст кашиданашро ба дасти момодоя дода, Малоҳат кӯдакро дар таваллудхона монда гурехт.

Малоҳат донишгоҳро хатм карда бо роҳхат ба мактаби зодгоҳаш омад. Падару модари содда аз тақдири талхи духтарашон бехабар аз омадани Малоҳат шод буданд. Баробари ба деҳа баргаштани Малоҳати нозанин хостгорҳо дари хонаи падарашро охурча карданд. Падару модараш бо розигии худи Малоҳат ӯро ба писари яке аз раисони номдору дорои ноҳия фотиҳа карданд. Тӯй чунон бошукӯҳ гузашт, ки таърифу тавсифаш чанд моҳ вирди забони мардум буд. Ҳама ҳаққу ҳамсояҳо бехабар аз сарнавишти нангини келини раис ба бахти баланди духтари муаллим ҳасад мебурданд ва ба духтаронашон Малоҳатро намуна нишон дода мегуфтанд: «Духтари мардак 5 сол дар шаҳр хонда бошад ҳам, ягон кори беақлона накард. Духтари боиффату баномусу покдоман, ки буд, худи раис келинаш кард, акнун шоҳбону барин зиндагӣ мекунад Малоҳат!»

Дар ҳасрати фарзанд

Алишер гуноҳи Малоҳатро ҳамон шаби аввал фаҳмида бошад ҳам, сирри арӯсашро фош накард. Ҷавони баномус, ки буд, намехост ҳам хонаводаи худашон ва ҳам падару модари Малоҳатро шармандаю таънасори мардум созад. Бокира набаромадани занаш дили ӯро аз зиндагӣ хунук карда бошад ҳам, сир бой намедод Алишер ва дар назди падару модараш чунин вонамуд мекард, ки арӯсашро дӯст медорад. Малоҳат эҳсос мекард, ки шавҳараш ӯро набахшидаасту танҳо аз тарси шармандагӣ маҷбуран зиндагиро бо ӯ идома дода истодааст, дилаш аз ғам ҳавзи хун буд, вале вақтро ба қафо баргардондаю хатоҳои гузаштаро ислоҳ карда намешуд. Келини раис умед дошт, ки баъди фарзанддор шудан шавҳараш ба ӯ дил мебандад, вале умедҳояш барбод мерафтанд. Суханони табиби шиносаш мудом дар гӯши Малоҳат садо медоданд: «Беақлӣ накун духтарак, фарзанд неъмати худодод аст, аз бачаат рӯй нагардон, ки ба ғазаби Офаридгор гирифтор шуда, дигар рӯйи кӯдакро намебинӣ!! Келини раиси гирёну нолон шабу рӯз худо мегуфт, ки барояш тифлакеро ато намояд, вале солҳо турнасон мегузаштанду нахли умраш ҳеҷ бор намеовард. Алишер парво надошт, ки чаро занаш намезояд. Писари раис баракс шод буд, ки Малоҳат ҳомиладор нашуда истодааст, зеро ҳанӯз ҳам гуноҳи бузург-нодурхар баромадани ҳамсарашро набахшида буд. Мехост бо баҳонаи бефарзандӣ аз Малоҳат ҷудо шавад, вале падару модараш ба ҷону ҳолаш намонда Алишерро маҷбур мекарданд, ки занашро назди духтурҳои номдор барад. Ниҳоят ночор монда Алишер Малоҳатро ба назди яке аз табибони занонаи пойтахт, ки таърифу тавсифаш дар забони хурду калон буд, бурд.

Нахли умед

 

Малоҳат дар назди табиб қариб се моҳ табобат гирифт ва ниҳоят ҳомиладор шуд. Хурсандиашро интиҳо набуд, хусуру хушдоманаш низ хабари ҳомиладор шудани келини меҳрубонашонро шунида, аз шодӣ ҷойи нишаст намеёфтанд. Танҳо Алишер ба хурсандии аҳли хонадон шарик намешуд. Раису занаш бепарвоии писарашонро ба ҳомиладории ҳамсараш аз шарм дониста, худашон келинро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт менамуданд, то набераҳакашон сиҳату саломат ба дунё омада, ҷойнишини бобою номбардори падар ва давоми умри авлоди номдорашон гардад. Малоҳат бо гузаштани нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз духтарчаи зебое таваллуд карда, сари хусуру хушдоманашро ба осмон расонд, вале шавҳараш Алишер аз дидани ин тифли деринтизор хурсанд нашуд.

 

 (Охирашро фардо соати 11-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД