Sebiston new 2024 october
Тоҷикӣ гап задани муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия душвор мешавад
643

Дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намоз гузоштан, дуо хондан, қурбонӣ кардани чорво, бо забони худ гап зада, мардуми маҳаллиро ғайбат кардан, ҳуштак кашидан ва ба оғӯш гирифтани занҳои бегонаро манъ мекунанд...

Агентии Федералии Россия оид ба масъалаҳои миллӣ (ФАДН) курси махсусро барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ташкил кардааст, ки ҳадафи он барои ба муҳити нав мутобиқ шудан ба муҳоҷирон кумак расонидан мебошад.

Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, курси мазкур аз 4 қисмат иборат мебошад:

1. Асосҳои қонунгузории меҳнат ва муҳоҷирати Федератсияи Россия.

2. Рафтор ва муносибати ғайрирасмӣ дар Россия.

3. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузории Россия.

4. Таърихи муносибатҳои Россия бо кишварҳои Осиёи Миёна.

Дар қисми якуми барнома ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи тартиби вуруду хуруҷ ба Федератсияи Россия, тарзи ба расмият даровардани патент, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ ва ғайра маълумот дода мешавад. Маърӯзачиён ба муҳоҷирон ҳамчунин дар бораи роҳҳои бо тартиби соддакардашуда ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия маълумот медиҳанд.

Дар қисмати рафтор дар Россия ба масъалаҳои динӣ, аз ҷумла намоз ва қурбонӣ низ диққат дода шудааст.

“Ба муҳоҷирони меҳнатӣ мефаҳмонанд, ки Россия давлати маданӣ буда, дар ин ҷо муносибати динии худро ба аҳли ҷомеа намоиш додан - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намоз гузоштан, дуо хондан, қурбонӣ кардани чорво ва анҷом додани дигар амалҳои динӣ қобили қабул нест”,- навиштааст news.mail.ru.

Тавҳин ба “Оташи ҷовидонӣ” ва дигар ёдгориҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ манъ аст.

Дар ин барнома ҳамчунин ба масъалаи муносибати байни ҷинсҳо диққат дода шуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида мешавад, ки дар Россия занҳо либосҳои равшан ва кӯтоҳ мепӯшанд, вале ин маънои дастрас ва ба шиносоӣ бо ҳар марди пешомада омода будани онҳоро надорад. Дар ин кишвар ба зан эҳтиром мегузоранд.

Даст расонидан ба занҳои бегона, пӯчидан, аз дасти зан дошта кашола кардан, ҳуштак кашидан бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи зан, ба оғӯш гирифтан, бӯсидан, даст бардоштан ба сари занон ва зӯроварӣ нисбат ба ҷинси латиф манъ буда, дар сурати шикоят кардани ҷабрдида барои чунин амалҳо муҳоҷирро ба ҷавобгарӣ мекашанд ё ихроҷ мекунанд.

Ба муҳоҷирон ҳамчунин дар бораи хатарҳои эсктремизму терроризм ва оқибатҳои ҳуқуқии пайвастан бо чунин гурӯҳҳо ва иштирок дар митингу амалҳои террористӣ маълумот дода мешавад.

Хулоса, ин як барномаи мукаммал мебошад, ки ин шабу рӯзҳо мавриди муҳокима қарор гирифтааст ва ба наздикӣ дар тамоми минтақаҳои Россия ҷорӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД