shoh palace
Асрори роҳ ёфтани тоҷикбача ба синамои Ҳолливуд
4407

 

20 сол қабл Ҷама Ҷурабоев дар Туркия шабҳо дар болои қуттиҳои картонӣ дар фарши интернет-клуб хоб мерафт, имрӯз бошад, ҳамчун яке аз “консепт-дизайнер”-ҳои (ороишгар ва рассом дар соҳаи синамо, бозиҳои компютерӣ) серхаридори олам ба шумор меравад. Ӯ чеҳраи қаҳрамононро барои кинематографияи коиноти Marvel ва Ҷорҷ меофарад. Стивен Спилберг –коргардони машҳури синамои ИМА яке аз муштариёни доимии Ҷама мебошад.

“Дар Тоҷикистон вақте писари ман ба дӯстону ҳамсинфонаш қисса мекунад, ки расми Аладдинро аз филми нав падараш кашидааст, касе ба гапаш бовар намекунад”-бо табассум қисса мекунад Ҷурабоев. Натанҳо кӯдакон, балки ҳатто барои одамони солор низ бовар кардан ба он ки як тоҷик метавонад дапр Амрико ин қадар машҳур шавад, хеле ва хеле душвор аст, аммо...

Саргузашти Ҷурабоев ба хати сужаи филмҳои Ҳолливуд шабоҳат дорад, вазъияти ногувори зиндагии пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ӯро маҷбур сохт, ки роҳ ба сӯйи Туркияро пеш гирад. Мутаассифона, дар он ҷо ҳам кораш барор нагирифт ва азобу ранҷи зиёде кашида, бозпас ба Тоҷикистон баргашт. Дар зодгоҳаш Ҷама. Аниқтараш Ҷамшед ба омӯзиши дизайни графикӣ пардохта, фаъолиятро дар ин соҳа оғоз намуд.

Пас аз чанд муддат вай аз ширкати Microsoft мактуб гирифт. Ин нома гӯё калиди сеҳрноке буд, ки дари комёбиҳоро пайдарҳам ба рӯйи Ҷамшед боз кардан гирифт: пешниҳоди ҳамкорӣ аз якчанд студияҳои аниматсионии беҳтарини Лондон, кӯчидан ба Англия, кор бо Гай Ричи ва Стивен Спилберг, ки ӯро барои эҷодаш мадҳ намудааст. Ҷурабоев иқрор мешавад, ки барои як бачаи Душанбегӣ роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонии аниматсионӣ кори душвор буд. “Бо шаҳрвандии бегона, бе маълумоти касбӣ ва бо нобоварӣ ба худ ман ба фаъолият пардохтам. Дар оғоз аз ҳамаи ҳамкоронам қафомонда будам, вале таслим нашуда, беист кор мекардам. Ҳамин тавр дар муддати кӯтоҳ якчанд қадам пеш рафтам...” оғози фаъолияташро ба ёд оварда мегӯяд Ҷама Ҷӯрабоев.

Айни ҳол Ҷурабоев ба ҳайси “фрилансер” (фаъолият берун аз штати ширкат, ба монанди таҷрибаи хусусӣ) кор карда, аз кормандони ҳолливудӣ дархост қабул карда истодааст. Ин дизайнери шинохта “мастер-класс”-ро (дарси маҳорати профессионалии олӣ аз ҷониби мутахассиси соҳибтаҷриба ташкилшуда) оид ба “консепт-дизайн” дар кино ташкил карда, аз ин ҳисоб даромади калон ба даст меорад. Тибқи тахмини коршиносон аз ҳисоби ҳамаи ин корҳояш Ҷама Ҷурабоев дар як сол метавонад ба ҳаҷми $800 000 фоида бинад.


“Наташа пири фартут ва чеҳрааш пур аз тӯри ожанг гаштаасту дигар касе талабгори чунин раққосаи пиракӣ нест” мегӯяд...


Овони кӯдакӣ

Ҷама (Ҷамшед) Ҷурабоев соли 1980 дар шаҳри Душанбе дар оилаи эҷодкорон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш раққоси балети классикӣ буда, дар театри Давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси устоди балет адои вазифа мекард, модараш дар театри лухтак рассом буд.

Даврони кӯдакии Ҷурабоев ба давраи сарнагун шудани Иттиҳоди Шӯравӣ рост омад. Маоши волидонашро буриданд, ҳамон музди ночизро низ дер медоданд.

Ҷама расмкаширо меписандид, аммо аз ҳама бештар дилбастаи бозиҳои компютерӣ буд. Ӯ нахуст дар компютерҳои хурди хонагӣ “Хоббит” кор мекард, баъдан дар компютерҳои дӯстонаш бозиҳои 90-ум – Contra Doom, Mortal Kombat-ро санҷид, аммо...

Ҷойи бозии тахайюлии компютериро ҷанги воқеии шаҳрвандӣ гирифт. “Одамони силоҳдор, тирпарронӣ ва даҳшати анҷомнопазирро бо чашмони худам дидам"- он шабу рӯзҳои душворро ба ёд оварда қисса мекунад Ҷурабоев, ки ҳамон вақт ҳамагӣ 12 сол дошт.

Соли 1994, вақте ки муноқишаҳои ошкоро хотима ёфтанд, дар Тоҷикистон ба кушодани литсейи таҳсилоти умумии туркӣ, интернат пардохтанд. Мактаббачагон пас аз хатми литсей ва интернати мазкур имкон доштанд, ки ба тариқи буҷавӣ дар донишгоҳҳои Туркия таҳсил намоянд. Боре муаллимае ба мактаби онҳо омада, дар бораи чунин литсейҳо маълумот дод.

“Ман барои рафтан аз Душанбе омода будам, аз ҳамин хотир худи ҳамон рӯз ба яке аз он литсейҳо рафта, имтиҳон супоридам ва фақат пас аз оне ки аз имтиҳон гузаштам, ҳамаашро ба падару модарам нақл кардам”-зикр намуд Ҷурабоев зимни сӯҳбат.

Волидон муқобили тасмими писарашон набуданд.

Пас аз 4 соли таҳсил дар литсей Ҷурабоев ба Донишгоҳи Техникии Шарқи наздик дар шаҳри Анқара дохил шуд. Сараввал факултети барномасоизро интихоб намуд, аммо пас аз 1,5 сол ба факултети аниматсионӣ гузашт.

Барои кӯмак ба оила, Ҷамаи 18-сола дар як интернет-кафеи туркӣ ба ҳайси администратор ба кор даромад. Музди меҳнаташ кам буд ва барои ба иҷора гирифтани хона маблағ намерасид, аз ин лиҳоз Ҷурабаев дар ҷойи кораш маскан гирифт: “Ман даҳ қутии ҳаҷман бузурге, ки аз монитори компютер буданд доштам. Аз онҳо барои худам кат сохтам. Роҳбар зид набуд, асос коратро бикун мегуфт”зиндагиашро дар Туркия ба ёд оварда, қисса мекунад Ҷӯрабоев.

Дар вақтҳои холигӣ ӯ бо бозиҳои компютерӣ машғул мешуд ва ҳамин тавр барои худ барномаи “Adobe Photoshop”-ро кушод. Дар барномаи мазкур расмҳо мекашид, ислоҳи рангҳоро дар он таҷриба мекард... Ҳамаи ин Ҷамаро ба он водор намуд, ки маводро оид ба раванди офаридани “Adobe Flash” дар интернет ҷустуҷӯй намояд.

Дизайнери худомӯз

Ҷама аксари вақташро дар интертет ба дарёфти мавод оид ба “Photoshop-и рассомон” сарф намуда, сомонаи ConceptArt.org-ро дарёфт. Дар он ҷо ӯ аввалин маротиба “консепт-иллюстратсияҳо”-ро оид ба намуди қаҳрамонони филм ва ё бозиҳои компютерӣ дид. Консепт-дизайнере, ки образи қаҳрамононро барои “Матрисҳо” ва “Ҷанги ситораҳо” эҷод намуд, маҳсули корашро дар сомонаи номбурда гузошт. “Ман дарк намудам, ин кор маблағи калон меорад ва ҷидди аз паси ин амал шудам” ба ёд меорад Ҷурабоев.

Ҷама 2 сол беист форумҳои мушобеҳро хонда, кӯшиш мекард ки чизҳои дар сомона мондаро худаш низ амалан таҷриба кунад. “Ман ҳар гуна шаҳрҳо ва киштиҳои кайҳониро мекашидам, гарчанде ки аз ӯҳдааш намебаромадам, рӯҳафтода намешудам” иброз медорад вай.

Соли 2007 агентии рекламавии “TAG”, ки муталлиқи Шер Ҷурабоев буд, ба по хест ва ӯ бародари хурдиашро барои сохтани дизайн-студио “Ustodesign” даъват намуд. Он ҷо ба муштариён рекламаи видеоӣ ва баннерҳо месохтанд. Ҷама розӣ шуд ва ба хонаашон баргашт.

Нахус ӯ танҳо самти дизайнериро назорат мекард, баъдан шумораи муштариёнашон ба мисли ширкати “Билайн” ва “Мегафон” зиёд шуд. Соли 2010 шумораи коргарони студио ба 15 нафар расид ва дар байни муштариён ширкати “Audi” истеҳсолкунандаи мошин намоён шуд. Ҷама худаш арт-директор таъин шуда ҳар моҳ $500 маош мегирифт ва комилан розӣ буд, аммо...

Охири соли 2010 ConceptArt.org мактаби шахсиро ба тариқи онлайн фаъол намуд ва бо арзиши $40 000 курсҳои дусола оид ба сохтани иллюстратсия ва аниматсияро роҳандозӣ намуд. Барои Ҷурабоев таҳсил дар он ҷо ройгон пешниҳод гардид. “Барои ҳамаи консепт-дизайнерон ин форум ҳамчун шабакаи иҷтимоӣ буд. Оҳо боре худашон ба суроғам баромаданд. Шояд ман барои пешбурди мактабашон барои онҳо номзади хуб будам” –тахмин мекунад Ҷама Ҷӯрабоев.

Дарс аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа мегузашт. Аз сабабе, ки вақти Амрико аз вақти маҳалӣ фарқ мекард, Ҷӯрабоев ҳамаи дарсҳои онлайниро шабона тамошо мекард. “Ҳамон шабу рӯзҳо ман аз зани аввалам писардор шуда будам, аз ин лиҳоз осон набуд, вале ин дарсҳо бениҳоят муфид буданд. Билохира, ҳамаи он донишҳоеро ки аз ҳар ҷо мегирифтам, ба тартиб даровардам”-иқрор мешавад дизайнер.  

Номаҳои хушбахтӣ

Баҳори соли 2011, вақте ки соли аввали таҳсили онлайнӣ ба охир расид, ба почтаи Ҷама аз ширкати “Microsoft”номае омад. “Одатан одамон фикр мекарданд, ки чунин мактубҳо “спам” (номаҳои электронии нодаркор) мебошанд ва ҳатто онҳоро намекушоянд. Ман ҳам ба мисли онҳо рафтор намудам, аммо баъд аз ду рӯз ба ҳар ҳол онро кушодам ва дидам ки мактуб аз худи мутахассиси HR-и ширкати Microsoft аст”-бо ханда ба хотир меорад Ҷурабоев.

Microsoft лоиҳаи нав “Halo 4”- бозии шутерро (жанри бозиҳои компютерӣ дар асоси ҷанг) роҳадозӣ карда буд. Ширкати мазкур Ҷурабоевро ҳамчун “рассоми консепт” ба кор даъват намуда, барояш маош дар ҳаҷми $90 000 пешниҳод намуд. “Барои ман ин пешниҳод ҳамчун нур дар охири нақб буд. Ман аз дилам гузарондам: “Ваҳ, билохира ин кор шуд, маро диданд!””-қисса мекунад Ҷама...

Аммо аз сабаби баъзе маҳдудиятҳо дар меъёри ба кор қабул кардани коргарони хориҷии дар ИМА амалкунанда ширкат Ҷурабевро танҳо баъди як сол метавонист ба кор гирад.

Дар ин давраи интизорӣ Ҷама бо дастаи Ustodesign тасмим гирифт, ки дар озмуни консепт-дизайнерони аз ҷониби сомонаи Cgsociety.com пешниҳод гардида, ширкат варзад. Дар мӯҳлати 3 моҳ даста мини-филмро бе сужаи махсус, вале бо графикаи босифт омода намуда, дархостро барои иштирок пешниҳод намуд. Даста онҳо барои видео-продакшни беҳтарин мукофот гирифт.

Аз пайи ин ғалаба Ҷурабоев мактуби дигар гирифт. Ин дафъа муаллифи нома продюсери ширкати “Moving Picture Company” буд. Ширкат бо прадакшни рекламаи видеоклип барои IKEA, Nike, Louis Vuitton, Tiffany&Co, ҳамчунин бо эффект барои филмҳои “Хроники Нарнии”, “Гарри Потер” ва ғайра машғул буд. Ба ақидаи Ҷурабаев ин ширкат видеоашонро дар Cgsociety.com дидааст.

Продюсери номбурда ба дизайнери тоҷик кори лоиҳавиро пешниҳод кард: иштирок дар омода намудани ролики солинавӣ барои ширкати телевизионии бритониёӣ “Sky”. Маош $400 дар як рӯз муқаррар гардида буд.

Моҳи октябри соли 2011Ҷурабоев ба Лондон расид. Дар аввал барои рақобат намудан бо рақибони соҳибтаҷрибаи консепт-дизайнер аз худам шубҳа доштам, вале дар асл кор чандон мушкил набудааст.

Пас аз 2 моҳи амалӣ гардидани лоиҳа кори он ба анҷом расид, аммо дар Тоҷикистон ӯ бо ширкат ҳамкориро ҳамчун фриланс давом дод. Тобистони соли 2012 ширкати “Moving Picture Company” билохира ба Ҷумабоер кори доимиро пешниҳод намуд.

Зинапояи шӯҳрат

Соли 2014 ба воситаи шиносҳо ширкати “Framestore”-тартибдиҳандаи эффекти визуалӣ барои филмҳои “Гарри Поттер”, “Фантастические твари и где они обитают”, “Кингсмен”, “Человек-Паук”, “Тор: Рагнарёк” ва амсоли инҳо аз кӣ будани Ҷама дарак ёфт. Framestore барои ӯ корро дар шӯъбаи кино бо музди меҳнати $90 000 (60 000 фунт он давра) пешниҳод кард. “Вақте ки ширкати Moving Picture Company аз ин таклиф бохабар гардид, маоши зиёдтарро пешниҳод намуд, аммо дигар ҳеҷ як пешниҳод наметавонист барои кор бо филмҳо ба ман халал расонанд, чунки ман дар орзуи ин кор будам”-бо эҳсос нақл мекунад Ҷама Ҷурабоев.

Филми аввалине, ки ӯ аз болои он дар ширкати Framestore кор кард “Меч короля Артура”-и Гай Ричӣ буд. Лоиҳа душвор ба назар мерасид. “Одатан рассомон дар рӯзи аввал ягон кор намекунанд, лекин барои муайн намудани намуди фон ва муҳит ба ман супориш доданд, ки keyframe-ро (кадрҳои калидии филм) сохта диҳам. Гуфтанд, ки фардо онро бояд ба Гай Ричӣ нишон диҳем ва бо шӯхии англисӣ илова намуданд: “No pressure” (бе фишор)

Барои бо сифат ба анҷом расондани кор Ҷама қариб бе танаффус кор мекард.

Ҳамин тавр дар давоми 2 соли фаъолият дар Framestore ӯ тавонист бо филмҳои “Мстители: эра Алитрона”, “Мир юрского периода”, “Фантастические твари и где они обитают”, “Конг: остров черепа”, “Геошторм”, инчунин бо филми Стивен Спиллберг “Первому игроку приготовиться” кор кунад.

Қаҳрамони аввалини филми “Первому игроку приготовиться”-е , ки образи ӯро Ҷама итироъ намуд-i-Rok робот-золим буд, ки косахонаи сараш дар қафаси синааш ҷойгир шуда буд. “Ман образро ба пуррагӣ тайёр кардам ва Спилберг “фидбек” (хулосааи худро дар атрофи коре ё амале иброз доштан) навишт, вале кор аз болои қаҳрамонзани асосии Art3mis ғайриинтизор ва ногувор сурат гирифт. Стивен навишт: “Ӯ безеб аст, ба ман писанд наомад”. бовариям нисбати худам коҳиш ёфт. Ба назарам чунин намуд, ки Спилберг ҳоло дар судияи худ гуфта истодааст, ки ин Ҷамаи аз Тоҷикистон бударо тезтар аз ин ҷо дафъ кунед, аз дасташ ягон чиз намеояд”, - ба хотир меорад дизайнер.

Барои қаҳрамондухтарро “одамсифат” тасвир намудан Ҷама акси зани дуввумаш Полина Забродскаяро ҳамчун прототип гирифт. Бо Полина ӯ дар шаҳри Лондон шинос шуда буд. Ҷама пинҳонӣ расми ҳамсарашро гирифта, дар асоси ин тасвир ба аз нав сохтани персонаж пардохт. Мувофиқ омад: Спилберг образро маъқул кард ва онро ба продакшн ирсол намуд.

Баъд аз 3 сол филм баромад ва замоне, ки ин ҷуфт ба тамошои он ба кинотеатр рафтанд, Забродская худро дар образи Art3mis шинохт. “Ой, ин персонаж аз кадом ҷиҳате ба ман монанд аст!”,- бо ханда суханони ҳамсарашро ба хотир меорад Ҷама Ҷӯрабоев.

Забродская дар саҳифаи Facebook-аш тассуроташро оид ба персонажи ба ӯ шабоҳатдошта ба тафсил шарҳ дод. Рӯзи дигар онҳо баъди аз хоб бедор шудан, худро машҳур дарёфтанд. Шумораи “подписчик” (обуначиён)-и Ҷурабоев дар YouTube 5 000 маротиба зиёд шуда буд. Ҳоло дар шабакаи YouTube-и ӯ 11 000 нафар ва дар Instagram қариб 62 000 нафар одамон ба саҳифаҳои ин дизайнери машҳур обуна шудаанд.

Соли 2016 Ҷурабоев бори дигар корашро иваз кард ва ба ширкати Industrial Light&Magic ба кор гузашт. " Дар он ҷо дастаи коргарон боқувваттар буда, маошро дар ҳаҷми 10 000 фунт зиёдтар пешниҳод намуданд", - сабаб иваз намудани ҷойи корашро шарҳ медиҳад Ҷӯрабоев.

"Эҷодиёти Ҷама кайҳо боз диққати моро ҷалб карда буд ва мо ӯро даъват намудем, то ки ҷузъи арт-депортаменти мо шавад. Интихоби мо хато набудаст: ӯ корманди бисёр ҳам бомаҳорат баромад" дар ситиши Ҷӯрабоев гуфтааст Грег Грабси, директори маркетинг ва коммуникатсия ILM ба Forbes.

Ҳамин тавр, дар тӯли фаъолияти Ҷама Ҷурабоев мутахассисони зиёде ба кору эҷодиёти ӯ баҳои мусбат додаанд.

Ҷурабоев як мактуби Стивен Спилбергро, ки дар он ҷо ба кори ӯ баҳои арзанда дода шудааст, ба Тоҷикистон ба падараш фиристод:

" Падарам гарчанде, ки донанда забони англисӣ ҳам набошад, мактубро ба ҳама нишон медиҳанд, ҳатто ба барқкоре, ки барои таъмири ягон асбоби барқи ба хонаамон меояд",-хандакунон қисса мекунад Ҷама Ҷӯрабоев.

Ин дизайнери шинохта онлайн-курсҳои шахсиро ташкил намудааст, ки 5 ҳафта давом меёбанд ва барои донишомӯзон аз $700 то $1 500 арзиш доштанд.

Худи Ҷама оид ба маошаш чизе нагуфта, ба таври умумӣ қайд кард, ки дизайнерҳои сатҳи ӯ метавонанд дар як рӯз то $2 000 кор кунад, аммо аз рӯйи гуфтаҳои Шумахер-корманди ширкати Insomniac Games консепт-дизайнери сатҳи Ҷурабоев метавонад дар як сол ба ҳаҷми $400 000 фоида ба даст орад. "Бар зами ин курсҳо ва мастер-классҳо даромади мазкурро ду маротиб зиёд мекунанд"- илова намуд Иван Смирнов, асосгузори Smirnov School.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД