arzon replenishment
Тоҷикдухтари муҳоҷир дар Русия ғолиб омад
2971

Дар озмуни “Бонуи ФМР”, ки аз тарафи Федератсияи муҳоҷирон дар Русия дар байни духтарон аз Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронида шуд, як тоҷикдухтари муҳоҷир сазовори ҷойи намоён гашт.
Дар озмуни мазкур аз 13 кишвар 50-ҷавондухтар дархост фиристода буданд, вале аз ин шумора танҳо 10 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки аз Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон, буданд.
Дар номинатсияи озодиҳи бештар аз тарафи мардум Нуринисо Абдулмаинова аз Тоҷикистон ғолиб омад.
Дар сомонаи озмун ба ин бонуи тоҷик зиёда аз 6 ҳазор нафар овоз доданд, ки дар муқоиса ба рақибонаш ду маротиба зиёдтар аст.
Зинаи аввалро намояндаи Ӯзбекистон Рушана Камолова гирифт ва барояш ҷоиза ва сертификати таҳсил дар Донишгоҳи иқтисодӣ – ҳуқуқии Москваро ҳадя намуданд.
Дар қатори Нуринисо Абдулмаинова аз Тоҷикистон ҳамчунин Рухшона Маҳкамова, Парвина Усмонова ва Наргис Зафарова аз Конибодам иштирок намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД