35 years of independency
Тоҷикистон ва Уммон муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
10.09.2026
Oila.tj
62

Тоҷикистон ва Уммон роҳҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро меҷӯянд. Сафири Тоҷикистон дар Уммон ва вазири меҳнати ин кишвар масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон, ҷонибҳо ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, такмили омӯзишу омодасозии кадрҳо ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Таъкид шудааст, ки мубодилаи мунтазами иттилоот ва таҷриба миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар метавонад барои муайян кардани самтҳои нави ҳамкорӣ ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак замина фароҳам орад.

Ин ҳамкорӣ метавонад барои фароҳам кардани имкониятҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар мусоидат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД