Commerc banl
Тоҷикон дар Русия ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
123

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангии тоҷикон» дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.

Меҳмонон дар оғози чорабинӣ дастархони идонаи наврӯзиро, ки бо анвои хӯрокҳои миллӣ, суманак ва шириниҳои суннатии тоҷикӣ оро дода шуда буд, тамошо карда, таъми лазизи ғизоҳои тоҷиконаро чашиданд ва ба куртаҳои зебои чакан, гулдӯзӣ ва ороишоти латифи заргарӣ, ки дар гӯшаҳои алоҳидаи намоишгоҳ ба намоиш гузошта шуда буд, баҳои баланд доданд.

Яке аз бахшҳои ҷолиби чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ буд. Духтарон бо либосҳои зебои атласу адрас ва чакан баромад намуда, зебоии фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ карданд. Барномаи рангини фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстонаю халқӣ ва рақсу таронаҳои ҷаззоб табъи иштирокчиёнро болида гардонид.

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар хориҷи мамлакат нишонаи арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон ва далели равшани ваҳдату ҳамбастагии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД