Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хоҳишмандонро ба кор дар Туркия ва Русия даъват намудааст.
Барои кор дар Туркия коргарони одӣ, кафшергарон, барчиён, оҳангарон, мутахассисони таъмири механикӣ, ронандагони “лоудер” ва “форклифт”, инчунин устоҳои таъмири техникаи вазнин даъват карда мешаванд. Музди меҳнат дар Туркия вобаста ба ихтисос ва вазифа аз 700 то 1250 доллар мебошад. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоёни турк бо манзил ва хӯрок таъмин карда мешавад.
Ба Русия муҳоҷирони меҳнатии синну солашон аз 18 то 45-сола даъват карда шуда, дар бахши саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва хидматрасонӣ ба кор ҷалб мегарданд ва аз 80 ҳазор то 140 ҳазор рубл маош мегиранд. Корфармоёни рус омодаанд, ки бақайдгирии муҳоҷиратии коргарон ва таъмини онҳоро бо ҷойи зист бар дӯш бигиранд. Барои гирифтани иҷозатномаи корӣ (патент) ба муҳоҷирон ба муҳлати шаш моҳ қарзи бефоиз пешниҳод карда шуда, марҳила ба марҳила аз маоши коргар ситонида мешавад.