arzon replenishment
Тоҷиконро дар заҳролудсозӣ ва марги одамон гунаҳкор месозанд
1180

4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Вилояти Курски Россия ба заҳролудсозӣ ва марги одамон гунаҳкор дониста мешаванд.

Мансуршох Фаёзови 50-сола шаш сол қабл дар Федератсияи Россия тиҷорати оилавиро ба роҳ монда, бо ҳамроҳии ҷиянҳояш Шаҳриёру Парвиз ва модари онҳо Дилбар Сангова дар Льгово нуқтаи савдои шаурма кушода буданд. Тиҷорати оилавии Фаёзовҳо хеле рушд намуда, шаурмахонаашон, ки «Шаурма на Гагарина» унвон гирифта буд, муштариёни зиёде дошт.

Сокинони маҳаллӣ аз кори ин тоҷирони оилавӣ қаноатманд буданд ва шаурмаеро, ки онҳо тайёр мекарданд, бомаззатарин шаурма дар шаҳр меҳисобиданд, аммо ҳафтаи гузашта якбора шумораи зиёди одамон баъди харидани шаурма аз ин нуқтаи савдо заҳролуд шудаанд...

Ба иттилоъи намояндагии Вазорати тандурустии Россия дар Курск ҳафтаи гузашта 22 нафар муштариёни ин шаурмахона бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 8 нафарашон кӯдакону наврасон мебошанд. Табибон сари вақт ба тамоми заҳролудшудагон ёрии тиббӣ расонида бошанд ҳам, як духтари 23-сола бар асари заҳролудшавӣ аз шаурма ҷон додааст.

Соҳиби ин нуқтаи шаурмафурӯшӣ Мансуршох Фаёзови 50-сола рӯзи 8-уми сентябр ба таври фаврӣ бо далели заҳролудсозии одамон, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст, аз ҷониби намояндагони мақомоти тафтишотӣ боздошт шуд.

Кормандони дигари «Шаурма на Гагарина» низ аз ҷавобгарӣ барканор намонда, ҳамагӣ боздошт шудаанд ва айни замон дар ҳабси хонагӣ ба мӯҳлати ду моҳ қарор доранд. Дар ин бора хадамоти муштараки системаи судии вилоят дар Telegram хабар додааст.

Ба боздоштшудагон бо қисми 2-и моддаи 238, бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти ба меъёрҳои талаботи бехатарӣ ҷавобгӯй набуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст) айб эълон шудааст.

Тибқи моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Россия ба ин зодагони Тоҷикистон ҷавобгарӣ дар шакли ҷарима ба миқдори аз 100 ҳазор то панҷсад ҳазор рубли русӣ, корҳои маҷбурӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то шаш сол бо ҷарима ба маблағи 500 ҳазор рубл таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД