Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз аз ӯҳдаи ҳар коратон ба хубӣ мебароед. Барои машғулиятҳое, ки аз иҷрои онҳо қаноатманд мешавед, вақти бештар ҷудо кунед. Агар аз бепулӣ азият мекашед, пас бо нафарони калонсоли оила машварат карда, мушкилии худро рафъ кунед. Хӯрокро дар вақташ истеъсол карда, дар фикри саломатӣ бошед.
Савр (21 апрел-20 май)
Вазъи молиявиатон имрӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба бозор ё мағоза рафта, чизи лозимиатонро харед. Сафари роҳи дур ва ҷаласаи корӣ ба дараҷаи олӣ мегузаранд. Аз истироҳат дар ҳавои тоза худдорӣ кунед, зеро масунияти баданатон паст асту шамол хӯрданатон аз эҳтимол дур нест.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Бо вуҷуди он ки шуморо асабӣ мекунанд, ба қаҳру ғазаб дода нашавед ва дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ доред. Худро бемор нишон дода, аз вазъиятҳои моҷароангез дур бошед. Барои ба бозор рафтан рӯзи бобарору мусоид аст. Аз оне ки чизҳои даркориро мехаред, хушҳол мешавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба маслиҳати нафароне, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, умуман гӯш надиҳед. Аз чунин нафарон дур шавед ва ҳақ будани худ боварӣ дошта бошед. Барои беҳтар шудани муносибатҳои оилавиатон кӯшиш кунед. Барои тоза кардани хонаву дар рӯзи мусоид аст.
Асад (23 июл-22 август)
Агар ҳодисаҳои давоми рӯз рӯй медодаро оромона таҳаммул кунед, оқибати ҳама кор ба хайр аст. Барои ошиқон рӯзи бобарору нек аст. Кӯшиш накунед, ки дар муносибат бо шахсони наздики худ ба ҳиллаву найранг даст занед. Шом аз ҳад зиёд хӯрок нахӯред ва дар фикри саломатиатон бошед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз пулро дареғ надошта, барои худ ҳар чизи лозимаро харидорӣ кунед. Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз ошиқ шуданатон мумкин аст. Аз нобаробариҳои ҷои кор дилмонда нашавед, вазъият ба зудӣ ба маҷрои худ бармегардад. Ба оилаатон диққати бештарро равона кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз рақибони худ пеш мегузаред ва рӯзатон бобарор паси сар мешавад, ба шарте ки ба ғалатҳои гузаштаи худ аҳамият надиҳед. Касе ё чизе обрӯи шуморо резонида наметавонад. Вазъи молиявиатон хуб бошад ҳам, аз харидории чизҳои нолозим худдорӣ кунед. Ба дӯстдории ҳамсаратон ниёз пайдо мекунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз бо нафаре вомехӯред, ки пешравии кори шумо ба ӯ вобастагӣ дорад. Агар лозим бошад, барои зиёд кардани донишатон ба омӯзиш машғул шавед. Ақрабҳои муҷаррадро шиносоии тақдирсоз интизор аст. Ҳеҷ гоҳ аз нобарориҳои худ ба дӯстонатон қисса накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз хеле хаста шуда, дигар кор кардан намехоҳед. Бо кори зиёд худро хаста накарда, барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед. Корҳои нотамоматонро баъдан ҳам иҷро карда метавонед. Вохӯриҳое, ки интизорашон будед, бо сабабҳои ба шумо номаълум баргузор намешаванд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки ҳар имконияти ба даст меомадаро ба фоидаи худ истифода баред. Корҳоятон барор мегиранд ва корҳои вазнинтарро низ ба нақша гирифта, аз ӯҳдаашон баромада метавонед. Баъзе ҷаддиҳоро вохӯриҳое интизор аст, ки оқибати тақдирсоз дорад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз дар баробари оне ки рӯзи пур аз муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ аст, ҳодисаҳои асабхаробкунандаро низ интизор бошед. Тақдиру насиб шуморо ба чӣ ҳодисаҳое, ки рӯ ба рӯ намекунад, ҳамеша омода бошед. Барои он ки аз ҳолати ногувор бароед, худро барои иҷрои коре, ки намехоҳед, маҷбур накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз нисбати наздикони худ серталаб набошед. Агар онҳо ҷонибдори шумо бошанд, пас бурд кардаед. Имрӯз бо роҳи ҳиллаву найранг ба мақсад расида метавонед, ҳарчанд ҳиллаву найранг ҳамавақт ба кор намеравад. Маъракаҳоятон ба дараҷаи олӣ мегузаранд.