ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1530

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз вақти хуб барои оштӣ кардан бо касоне аст, ки ба онҳо гила доштед. Бо сухани нарм муносибатҳоро барқарор мекунед. Наздикон ба маслиҳат ё дастгирии шумо ниёз доранд, кумаки худро дареғ надоред. Дар кор бодиққат бошед, натиҷа хуб мешавад. Имкони нишон додани қобилиятҳоятон аст. Ҳангоми ҳисоби пул ва хароҷот бодиққат бошед. Варзиш ва ғизои солим кайфиятатонро беҳтар мекунанд.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз аз овозаҳо ва гапи зиёдатӣ дур бошед, ҳасудон мехоҳанд ба шумо зарар расонанд. Каме истироҳат кунед, ва бо дӯстон вақт гузаронед. Агар ба касе ваъда дода бошед, онро ҳатман иҷро кунед. Дар кор фишор эҳсос мешавад, вале сабур бошед. Имрӯз беҳтараш ғизои сабук бихӯред, то меъдаатон ором бошад. Нисфирӯзиро ба истироҳати ором бахшед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз кӯшиш кунед байни озодии шахсӣ ва муҳаббат тавозун нигоҳ доред. Аз баҳс дурӣ ҷӯед, як сухани нодуруст метавонад нофаҳмиро афзояд. Дар кор рақибон фаъоланд, бодиққат бошед. Имкони тиҷорати муваффақ ҳаст. Хоби шабона метавонад паёми муҳим дошта бошад. Агар имкон бошад, ба табиат ё назди об бароед, он ба рӯҳатон оромӣ мебахшад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимол шахсе нисбати шумо таваҷҷӯҳ нишон диҳад, вале шитоб накунед, ҳоло вақти муҳаббати нав нест. Ҳангоми суҳбат бо ҳамсоя ё хешованд эҳтиёткор бошед, то баҳс сар назанад. Барои хона чизҳои хурди зебо харидан хушҳолатон мекунад. Энергияи зиёдро ба кори фоиданок равона созед. Дар масъалаи пулӣ мушкилӣ нест. Варзиш ва сайру гашт ба саломатӣ кӯмак мекунанд.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз вохӯрии ногаҳонӣ метавонад зиндагиатонро тағйир диҳад. Барои пайдо кардани муҳаббати ҳақиқӣ имконияти хуб фаро мерасад. Дар хона ё оила баҳс эҳтимол дорад, нофаҳмиҳоро бо мулоимӣ ҳал кунед. Бо дӯстон вақти бештар гузаронед, вале дар сарфи пул аз ҳад нагузаред. Агар дандонатон дард кунад, беҳтараш зуд ба духтур муроҷиат кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Муносибатҳои шумо имрӯз пур аз меҳрубонӣ ва гармӣ мешаванд. Барои хона чизҳои зебо харед, то рӯҳияатон баланд шавад. Дар ҷои кор аз хоксории зиёд худдорӣ кунед, роҳбарон бояд дастовардҳоятонро бинанд. Агар дар масъалаи молӣ шубҳа дошта бошед, бо дӯст ё ҳамкоратон маслиҳат кунед. Барои саломатӣ парҳези сабзавотӣ муфид аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз вақти хуб барои муҳаббат ва гуфтугӯ бо шахси наздик аст. Корҳоро каме ба таъхир гузоред. Дар масоили оилавӣ шитоб накунед, ҳама чиз бояд оҳиста ҳал шавад. Имкони нишон додани қобилиятҳоятон ҳаст, вале аз ҳад нагузаронед. Имрӯз пули иловагӣ ё мукофот гирифтанатон эҳтимол дорад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат шахси дӯстдоштаатон ба қадратон мерасад. Аммо ҳушёр бошед: тақдир метавонад шуморо санҷад. Дар хона корҳои муштарак иҷро кунед, ин дили ҳамаро наздиктар мекунад. Барои рушд намудан курси омӯзиш ё забони навро оғоз кунед. Дар касбу кор пешрафт эҳтимол дорад, вале аз фахр худдорӣ кунед. Варзишу ғизои солим фоида доранд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз агар дар муносибатҳои ошиқона ҷудоӣ рух диҳад, ғамгин нашавед, тақдир ба нафъи шумост. Шӯҳрату эътибори шумо меафзояд. Сафар ё истироҳати кӯтоҳ фоида меорад. Аз худхоҳӣ дур бошед, то бо ҳамкорон нофаҳмӣ сар назанад. Имрӯз саломатиятон ҳассос аст, ғизои тоза бихӯред ва оби зиёд нӯшед. Вақтро барои оромӣ ва фикрҳои мусбат истифода баред.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз бо наздиконатон нофаҳмӣ сар мезанад, кӯшиш кунед зуд оштӣ шавед. Агар касе кӯмак пурсад, рад накунед. Имкониятҳои нав дар кор ё тиҷорат пеш меоянд, онҳоро истифода баред. Пеш аз имзо кардани ҳуҷҷат ҳама ҷузъиёти онро хонед. Эҳсосот ором аст ва корҳо хуб пеш мераванд. Ба саломатӣ диққат диҳед, то нерӯятон зиёд монад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат тағйироти хуш имкон доранд, шояд нафаре ба шумо изҳори муҳаббат намояд. Қобилияти фаҳмидани дигарон ба шумо кӯмак мекунад, то муҳити хона ором гардад. Дар кор камфаъолӣ нишон надиҳед, роҳбарон онро мебинанд. Барои амнияти пулӣ бо одамони боэътимод ҳамкорӣ кунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, то ба саломатиятон осеб нарасад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона пеш аз ҳар қарор ду бор фикр кунед. Вақтро бо наздикон гузаронед, онҳо ба шумо нерӯ мебахшанд. Имкони пешрафти хуб ҳаст, вале он кӯтоҳмуддат аст, пас фаъол бошед. Мумкин аст мукофот ё даромади иловагӣ гиред. Энергия паст мешавад, бештар истироҳат кунед. Ғизои солим ва хоби кофӣ барои тавозуни рӯҳӣ муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД